Рустами Эмомалӣ шумори дақиқи сокинони моякӯбишудаи пойтахтро эълон кард

Рустам Эмомали, мэр Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Обуна шудан
Раиси шаҳри Душанбе ахиран хабар додааст, ки 725 ҳазор сокини пойтахти Тоҷикистон бар зидди коронавирус моякӯбӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар ин бора ахиран Рустами Эмомалӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли 2021 ва вазифаҳои он барои соли 2022 хабар дод.
Вай гуфт, соли сипаришуда бо мақсади пешгирии пандемияи коронавирус яку ним миллион воя ваксина ворид шуд ва то имрӯз 725 ҳазор сокини шаҳр, ки 100 фоизи гурӯҳи мақсаднокро ташкил медиҳанд, моякӯбӣ шудааст.
Рустами Эмомалӣ ҳамчунин қайд кард, ки дар зарфи панҷ сол муассисаҳои тиббии шаҳр бо 35 мошини замонавии ёрии таъҷилӣ ва дастгоҳҳои нави ташхис таъмин гардида, 118 нафар аз кӯдаки нуқсони дилдошта аз ҳисоби маблағҳои фонди захираи раиси шаҳр ҷарроҳӣ шуд ва ин кор минбаъд низ идома дода мешавад.
Ёдрас менамоем, чанде пеш Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дода буд, ки наздики 65 дарсади аҳолии калонсоли кишвар алайҳи коронавирус ваксина гирифтаанд.
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, теъдоди афроде, ки то ҳол алайҳи коронавирус моякубӣ шудаанд, ҳудуди 3,8 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Введение обязательной вакцинации пожилых от Covid-19 в части регионов России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2022
Мақомоти Шаҳритӯс аз моякӯбӣ шудани 70 дарсади аҳолии ин ноҳия хабар доданд
Ин омор тамоми афродеро фаро мегирад, ки то 30 декабр моякубӣ шудаанд ва ба ин мизон 64,8 дарсади аҳолии калонсоли кишвар баробар мебошад.
Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, ки 3 июли соли гузашта нашр шуд, дар Тоҷикистон эмгузаронии зидди COVID-19 барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.
Вазорати тандурустӣ тавсия медиҳад, афроде, ки моякӯбӣ нашудаанд, ба пизишки оилавӣ ё муассисаи тиббии маҳаллӣ барои дарёфти ваксина муроҷиат кунанд. Бояд гуфт, ваксина барои шаҳрвандони кишвар ройгон пешниҳод мешавад. То кунун дар чаҳорчӯби COVAX ва дар шакли кумаки башардӯстона ба кишвар ваксинаҳои зидди коронавирус ворид шудаанд.
Ҳангоми эмкунии аҳолӣ бар зидди COVID-19 аз ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Pfizer", "Moderna" ва "Sputnik V" истифода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0