Теъдоди муҳоҷирон дар Санкт-Петербург афзуд: онҳо бештар дар кадом соҳа кор мекунанд?

Рабочие на стройке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Маълум шуд, дар пойтахти шимолии Русия чанд муҳоҷир ва дар кадом соҳаҳо фаъолият мекунад
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Теъдоди муҳоҷирони корӣ дар Санкт-Петербург 24% афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург.
Авохири соли 2021 теъдоди муҳоҷирон беш аз 320 ҳазор нафарро ташкил додааст.

"Пас аз коҳиши назаррас шумораи муҳоҷирони корӣ тадриҷан боло рафта, то охири соли 2021 ба 320,5 ҳазор нафар, аз ҷумла аз ҳисоби шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳодияи Иқтисодии Авруосиё расид, ки нисбат ба соли 2020 24% зиёд аст", — омадааст дар изҳорот.

Ин коргарони муҳоҷир аслан дар бахшҳои тавлид, таъминоти моддию техникӣ, сохтмон, савдо, хоҷагии манзилию коммуналӣ фаъолият мекунанд.
Шаҳрвандони кишварҳое, ки низоми бидуни раводид бо Русия доранд, аксарияти теъдоди муҳоҷирони кориро ташкил медиҳанд.
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы близ деревни Сахаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Сабти иқомати муҳоҷирон дар Русия осон мешавад, аммо ба як шарт
Тибқи иттилои Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, бинобар андоз аз даромад ё пули патенти коргарони хориҷӣ буҷаи шаҳр барои соли 2021 соҳиби тақрибан 6 миллион рубл шуд.
Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши теъдоди муҳоҷирон мақомоти Санкт-Петербург тасмим гирифтаанд, барои ҳифзи ҳуқуқ ва раванди бо кор таъмин кардани коргарони хориҷӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунад. Созишнома бо Ассотсиатсияи мусоидат ба муҳоҷирати меҳнатии байналмилалӣ дар ин кор кумак хоҳад кард.
Тавре гуфта мешавад, Муассисаи мухтори давлатии "Маркази захираҳои меҳнатӣ" дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи мусоидат ба муҳоҷирати меҳнатии байналмилалӣ механизму хидматрасониҳои ҳифзи манфиатҳои коргарони хориҷиро таҳия хоҳанд кард.
Хидматҳои нав дар "Госуслуг" барои муҳоҷирони корӣ
Кормандони кишварҳои бидуни раводид аксари вақт бо мушкилоти ҳуҷҷатгузорӣ рӯ ба рӯ мешаванд, бисёриҳо бидуни шартномаи корӣ ва ҳатто бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ кор мекунанд.
Раҳбарияти Маркази захираҳои меҳнатӣ таъкид кардааст, ки “таъмини равиши муназзами ба кор қабул кардани хориҷиён ва танзими вуруди онҳо, ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ ва ҳам аз нигоҳи иҷтимоӣ, яке аз вазифаҳои муҳим аст”.
Лентаи хабарҳо
0