Беҳтарин бозигари Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рафт: капитан Ҷалилов "Истиқлол"-ро тарк кард

© ФК "Истиклол" Капитан душанбинского "Истиклола" Алишер Джалилов перешел в команду АГМК
Капитан душанбинского Истиклола Алишер Джалилов перешел в команду АГМК - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Обуна шудан
Қаҳрамонии Тоҷикистон яке аз беҳтарин ва гаронарзиштарин бозигаронашро аз даст дод
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Капитани "Истиқлол"-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон Алишер Ҷалилов, ки аз беҳтарин ва ҷавонони футболбози ояндадори тоҷик унвон мешуд, фаъолияти худро дар дастаи Ӯзбекистон идома медиҳад.
Тибқи иттилои бошгоҳи футболи "Истиқлол", Ҷалилов бо тими АГМК шартнома баст ва ҳамкнун дар Лигаи олии Ӯзбекистон баромад мекунад.
Гуфта мешавад, футболбоз бо барандаи медали биринҷии Чемпионати Ӯзбекистон-2021, бошгоҳи футболи АГМК (Олмалиқ) шартномаи дусола баст.
Бошгоҳ дар бораи маблағи гузариши гаронарзиштарин варзишгараш иттилое надодааст.
Ёдовар мешавем, Ҷалилов дар ҳайати "Истиқлол" аз аввали соли 2019 фаъолият карда, дар ин муддат якҷо бо даста се бор барандаи қаҳрамонии кишвар ва Суперҷоми ҷумҳурӣ ва ҳамчунин соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гардидааст.
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Кӣ гузашту кӣ монд: футболбозони тоҷикро соли 2022 чӣ интиқолҳо интизоранд
Ӯ дар мавсими аввалини "Истиқлол" дар сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО дар баромади муваффақонаи даста саҳми калон гузошт.
Аз рӯи натиҷаҳои мавсими футболи солҳои 2019 ва 2021, Алишер Ҷалилов беҳтарин футболбози Тоҷикистон эътироф гардид.
Қаблан портали машҳури варзишии Олмон "Transfermarkt.de" арзиши тахминии бозигарон ва тимҳои миллии кишварҳои гуногунро номбар кард, ки тибқи нишондоди он, Ҷалилов 600 ҳазор евро баҳогузорӣ шуда буд.
Ин нишондиҳанда дар Тоҷикистон аз ҳама боло буд.
Лентаи хабарҳо
0