Толибон аз Чин хоҳони кумак барои ба расмият шинохтанашон шуданд

© AFP 2022 / WAKIL KOHSARПредставитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Толибон аз Чин барои ба расмият шинохтани ҳукуматашон дар сатҳи байналмилал хоҳони кумак шуданд
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ҳукумати толибон аз Чин хостааст, ки дар эътирофи байналмилалии Афғонистон кумак кунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар ин бора Билол Каримӣ, сухангӯи толибон, Забеҳулло Муҷоҳид, муовини дувуми вазири иттилоот ва фарҳанг дар кобинаи муваққати толибон изҳорот доданд.
"Мо аз Чин даъват менамоем, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббус нишон диҳад, то ҳукумати толибонро эътироф кунад", - омадааст дар изҳороти муштарак.
Вай афзуд, эътирофи ҳукумати толибон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ як қадами ҳалкунанда барои Афғонистон дар ҷиҳати ба даст овардани нуҳ миллиард доллари дороиҳои боздоштшудаи ин кишвар дар бонкҳои хориҷӣ хоҳад буд.
Талибы* 203-го армейского корпуса «Мансури» в афганской провинции Хост - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Толибон худро поксозӣ доранд: ихроҷи беш аз се ҳазор нафар аз сафуфи ин гурӯҳ
Тибқи иттилои рӯзномаи "Time of India", дар авохири ҳафтаи гузашта Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири умури дохилии ҳукумати муваққати Афғонистон ба сафири Чин дар Кобул гуфтааст, ки Амрико набояд ба таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Кобул идома диҳад.
Дар миёнаҳои моҳи август, пас аз ба сари қудрат расидани Толибон Сандуқи Байналмилалии Пул ва дигар созмонҳои ғарбӣ барномаҳои иқтисодиашонро дар Афғонистон мутаваққиф карданд. Аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида дастрасиро ба дороиҳои ҳафтмиллиарддолларии Кобулро, ки дар ихтиёри Бонки марказии Амрикоянд, қатъ кардааст. Онҳо тасмими худро ба он рабт доданд, ки то замони эътирофи ҳукумати нав наметавонанд маболиғро ба ин сарзамин интиқол диҳанд. Илова бар ин толибон ҳатто аз дастрасӣ ба захираҳои миллии ин кишвар маҳрум шудаанд. Амрико дороиҳои Бонки марказии Афғонистонро дар суратҳисобҳои бонкии худ масдуд кард.
Лентаи хабарҳо
0