Вазорати мудофиа барои 80 вазифаи холӣ корманд меҷӯяд

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузаштан ба хазинаи аксВоеннослужащие на оперативно-стратегических учениях коллективных сил Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ)
Военнослужащие на оперативно-стратегических учениях коллективных сил Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон барои ишғоли беш аз 80 вазифаи холӣ дар ин ниҳод озмун эълон кардааст
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон феълан 20 ҷои кори холӣ дорад, ки интизори довталабони кор мебошанд.
Ба иттилои Вазорати мудофиа, дастгоҳи марказӣ ба мутахассисону сармутахассисон дар шуъбаҳои гуногун, аз қабулгоҳ то бахшҳои ҳуқуқӣ, компютерӣ, кадрӣ, муҳосибот, сӯзишворӣ, кишоварзӣ, лоиҳакашӣ, молия ва назорати техникӣ ниёз дорад.
Дар Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон низ 10 ҷои кори холӣ ба озмун пешниҳод гардидааст. Ситоди кул мутахассиси пешбари Маркази верификатсионӣ, сардори зершуъбаи ҳуқуқ ва тарҷумонӣ, мутахассиси идоракунии техникӣ ва муҳофизати ахборот ва кормандони бахши топогеодезӣ, фотограметрӣ ва картографиро меҷӯяд.
Раёсати қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ низ мунтазари довталабони чор ҷоий кори холӣ мебошад, ки сардори гурӯҳи тарҷумонӣ, мутахассиси пешбари хадамоти хоҷагидорӣ ва мутахассиси хадамоти обуҳавосанҷӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Парад военных посвященный дню милиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Тоҷикистон барои мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ чанд пул харҷ мекунад?
Дар Раёсати қӯшунҳои зудамал низ чор ҷойи кор феълан холист. Раёсати қӯшунҳои хушкигард ҳафт ҷои кори холиро ба корҷӯён пешниҳод намудааст.
Комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе низ ҳафт ҷои кори холиро ба озмун гузоштаанд, ки аксарияташон мутахассисони даъвату тайёрии ҷавонон ва сафарбарӣ мебошанд.
Инчунин комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳринав, Варзоб, Роғун ва Рӯдакӣ ҳудуди 18 вазифаи холӣ доранд, ки феълан мунтазири хоҳишмандони коранд.
Дар литсей ва Донишкадаи ҳарбӣ низ чор ҷойи кор феълан холист.
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри талабот дар сомонааш аз довталабон хостааст, давоми 21 рӯз баъди нашри ин эълон ҳуҷҷатҳоро ба шуъбаи кадрии дастгоҳи вазири мудофиа ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар 59 пешниҳод намоянд.
Лентаи хабарҳо
0