Олег Сиромолотов: Барои суҳбат дар бораи омилони воқеоти Қазоқистон ҳанӯз барвақт аст

© Sputnik / Максим БлиновОлег Сыромолотов, заместитель министра иностранных дел РФ
Олег Сыромолотов, заместитель министра иностранных дел РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Муовини вазири умури хориҷии Русия дар робита ба ҳаводиси ахири Қазоқистон тайи як мусоҳибаи ихтисосӣ ибрози назар кард
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Олег Сиромолотов дар мусоҳиба ба хабарнигори РИА “Новости” Кристина Луна Родригес гуфт, Маскав дар робита ба рӯйдодҳои ахири Қазоқистон чӣ назар дорад, пушти он воқеот кӣ буда метавонад ва ҳадафи созмондиҳандагони ин эътирозҳо, ба назари Федератсияи Русия, чист.
- Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки ҳодисаҳои ахири кишвар амали террористҳои байналмилалӣ аст. Ҳоло ин таҳдид то чӣ андоза бузург аст? Оё хатари вуруди он ба қаламрави Русия вуҷуд дорад? Маҳви ҷангҷӯён то кай метавонад идома дошта бошад?
- Қазоқистон бо чолишҳои бесобиқаи давлатдорӣ, амниятӣ ва соҳибихтиёрии худ рӯ ба рӯ аст. Тазоҳуроти осоиштаи дорои хусусияти иҷтимоию иқтисодӣ аз ҷониби қувваҳое истифода мешуданд, ки бо ба хушунат забт кардани ҳокимият манфиатдор буданд. Барои ин ба онҳо лозим буд, ки вазъи дохилии Ҷумҳурии Қазоқистонро ноором кунанд.
Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар, дар миёни ҳамлаварон афроди хориҷӣ ва ҷангҷӯёне низ будаанд, ки дар кишварҳои хориҷӣ ва нуқтаҳои доғ таҷриба андӯхтаанд. Хамин тавр сухан дар бораи таҷовузи дастаҳои террористии байналмилалӣ меравад, ки дар хориҷа омодагии ҷиддӣ дидаанд. Ин аст, ки Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД бар асоси моддаи 4-и Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ рӯзи шашуми январ тасмим гирифт, нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи он барои як муддати маҳдуд ба манзури ба эътидол овардани вазъ дар ин кишвар ба он ҷо эъзом шаванд.
Алматы, февраль 2020 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Дар Қазоқистон вазъи изтирорӣ лағв шуд
Якҷоя бо шарикони қазоқӣ ва иттифоқчиёни мо дар СПАД таҷрибаи амалиёти муваффақи посдори сулҳ, аз ҷумла барои андешидани чораҳои пешгирикунанда ҳангоми кӯшиши такрори чунин "дасисаҳо" дар дигар давлатҳои минтақаи СПАД таҳлил карда мешавад.
- Ҷониби Русия изҳор дошт, ки рӯйдодҳои Қазоқистонро як кӯшиши ношӣ аз берун барои барҳам задани амният ва якпорчагии ин давлат бо роҳи зӯроварӣ медонад. Оё Маскав дақиқ медонад, ки ин кӯшишҳоро кӣ роҳандозӣ кардааст? Кадом давлат ё гурӯҳе?
- Маълум аст, ки роҳзанон ба амалиёти духӯраи террористӣ cap карданд, ки мақсади ниҳоии он табаддулоти давлатб буд. Қувваи асосии зарбазани онҳое, ки дар Алмаато шӯриш бардоштанд, одамони баъзе кишвару вилоятҳо буданд. Бо вуҷуди ин дар бораи омилони он сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст. Ҳарчанд мутмаинам, ки мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Қазоқистон сари ин масъала кор мебаранд. Бешубҳа, шарикон бояд тафтиши ҳамаҷонибаи ҳодисаро ба роҳ монанд ва сабабҳои вазъро фаҳманд, то ҳамаи иштирокдорон муайян шаванд.
- Баъзе аз расонаҳо дар бораи пайдо шудани ваҳҳобиҳо дар қаламрави Қазоқистон иттилоъ доданд. Чунин иттилоъ то куҷо дуруст аст? Оё дар бораи ҳузури ваҳҳобиҳо дар дохили ин кишвар суҳбат кардан мумкин аст ё ин як унсури воридшуда аз берун аст?
- Дар давраҳои гуногун мақомоти додгоҳии Қазоқистон баъзе аз сохторҳо, аз ҷумла “Ал-қоида”*, “Давлати исломӣ”*, Ҷамоати таблиғ*, Ҳизб-ут-таҳрир-ул-Исломиро* террористӣ ё экстремистӣ эътироф кардаанд, ки онҳоро метавон ба созмонҳои ваҳҳобӣ нисбат дод. Дар мавриди фаъолияти ваҳҳобиҳо дар қаламрави Қазоқистон шояд дурусттар мебуд, ки бо ин суол ба шарикони қазоқии мо муроҷиат кунем, ки ба бовари ман, онҳо метавонанд ба он посух диҳанд, аз ҷумла дар асоси натоиҷи тафтишоти он чӣ рӯй дод.
Протесты в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Коршинос: Ҳаводиси Қазоқистон ҳамаи кишварҳои шӯравии собиқро таҳдид мекунад
Мехоҳам таъкид намоям, дар ин марҳала махсусан муҳим аст, ки мақомоти Қазоқистон дар якҷоягӣ бо нерӯҳои дастҷамъии посдори сулҳи СПАД тавонистанд, ки вазъро дар як муддати кӯтоҳ ба эътидол оваранд, қонуну тартибот дар маркази буҳрон, дар Алмааторо барқарор кунанд. Мардум ба ҳаёти осоишта бармегарданд, мақомоти шаҳр ба рафъи оқибатҳои аз ҳад зиёди роҳзанон ва барқарорсозии инфрасохтори шаҳр шуруъ мекунанд ва нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи СПАД вазифаи мусоидат ба эътидол овардани вазъи сиёсиро анҷом дода, аллакай аз мамлакат ба ҷойҳои истиқомати доимии худ баргаштанд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Русия
Лентаи хабарҳо
0