Раиси навтаъйин дар Хатлон корро аз аёдати маъюбони муҳоҷири собиқ оғоз кард

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузаштан ба хазинаи аксМигрант ждет рейс в аэропорту
Мигрант ждет рейс в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сардори тозатаъйини Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон корашро аз аёдати афроде оғоз кардааст, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ маъюб гардидаанд
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон тасмим гирифтаст, ки минбаъд масъулин аз оилаҳои муҳоҷироне, ки ҳангоми кор дар хориҷи кишвар маъюб гаштаанд ва ё фавтидаанд, хабар гиранду кумак кунанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Хадамоти муҳоҷират, ин иқдом аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон шуруъ шуда, роҳбари тозатаъйини раёсати муҳоҷират дар вилояти Хатлон Саидзода Самад бевосита дар он иштирок кард.
Дар феҳрасти оилаҳое, ки Саидзода аз ҳолашон хабар гирифтаст, се муҳоҷири меҳнатӣ ном бурда шуданд, ки ҳангоми фаъолияти корӣ дар Русия маъюб гаштаанду ниёз ба кӯмаку дастгирии моддию маънавӣ доранд.
© котиботи Хадамоти муҳоҷирати ТоҷикистонАёдати Самад Саидзода, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар Хатлон аз оилаҳои муҳоҷироне, ки дар сафари меҳнатӣ маъюб шудаанд
Аёдати Самад Саидзода, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар Хатлон аз оилаҳои муҳоҷироне, ки дар сафари меҳнатӣ маъюб шудаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Аёдати Самад Саидзода, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар Хатлон аз оилаҳои муҳоҷироне, ки дар сафари меҳнатӣ маъюб шудаанд
Манбаъ афзуд, Алиҷон Мирзохонов, Абдуқаҳор Эшматов ва Аскар Рустамов, сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Вахш ва 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистони мебошанд, ки ҳангоми фаъолияти корӣ дар Русия аз беэҳтиётӣ маъюб гаштаанду яке соли 2021 аз бемории қалб фавтидааст. Илова шудааст, ки Абдуқаҳор Эшматов аз соли 2015 бистарӣ мебошад.
Саидзода бо баёни таслият изҳор доштааст, ки ҳукумати кишвар ҳамеша чунин оилаҳоро дастгирӣ мекунаду ҳич кумаки худро дареғ намедорад.
Маврид ба зикр аст, ки Самад Саидзода ахиран бо қарори Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар Хатлон таъйин гардид. Ӯ то таъйинаш ба ин мақом ёвари раиси Хатлон, Қурбон Ҳакимзода буд.
Лентаи хабарҳо
0