Роҳи Душанбе - Чаноқ боз шуд: ҳушдори IRS аз масдудияти дигарбора

© Sputnik Зимний курорт Сафед-Дара
Зимний курорт Сафед-Дара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ширкати IRS, ки масъули пулчинӣ ва нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ мебошад, аз барқарор шудани ҳаракати яксамта дар ин масир хабар дод
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҳаракати яксамта дар роҳи Душанбе - Чаноқ бо фосилаи 2 соат аз ҳар ду ҷониб оғоз гардид, хабар дод ширкати IRS.
Манбаъ мегӯяд, феълан вазъ нисбатан муътадил мебошад, аммо соатҳои наздик мумкин аст, роҳ боз масдуд шавад.

"Бориши барф хеле пуршиддат буда, бо мақсади таъмини бехатарии шаҳрвандон ва пурра бартараф намудани оқибатҳои тармафароӣ шояд аз соати 17:00 ҳаракати нақлиёт боз маҳдуд гардад", - омадааст дар иттилоия.

Феълан вазъ дар минтақаи километри 48 ва 73-юми роҳи Душанбе - Чаноқ нисбатан мураккаб арзёбӣ мегардад, ки бориши барф ва тармафароӣ дар он ҷо зиёд мебошад.
Барқарории ҳаракат дар ҳолест, ки аз соати 05:00 ба вақти маҳаллӣ ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ масдуд шуда буд.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ахиран гуфт, дар ҳашт хатсайр хатари фаромадани тарма ва сангрезӣ зиёд аст.
Нашивка на форме сотрудника КЧС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
КҲФ қоидаҳои сафари бехатар дар фасли зимистонро нашр кард
"Ҳамоно дар роҳҳои Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари лағжиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст", - ҳушдор дод КҲФ.
Ин ниҳод бо такя ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон гуфт, бориши борону барф дар минтақаҳои мухталифи кишвар то 20 январ идома хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0