Шарҳи Кремл дар бораи даъвати Путину Зеленский ба Туркия

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЗаместитель руководителя администрации президента, пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Заместитель руководителя администрации президента, пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Обуна шудан
Кремл омили аслии нофаҳмиҳо миёни Маскаву Киевро ном бурда, мавқеашро дар бораи пешниҳоди Туркия барои ироаи майдони музокирот баён дошт
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Русия аз талоши ҳар кишваре барои ба эътидол овардани вазъи Украина истиқбол мекунад. Ин нуктаро Дмитрий Песокв, сухангӯи раисҷумҳури Русия зимни шарҳи пешниҳоди Туркия барои миёнҷигарӣ дар музокирот миёни Киеву Маскав баён дошт.
Песков зикр намуд, ки нофаҳмиҳои асосӣ миёни Русия ва Украина ба иҷро нашудани тавофуқоти Минск аз ҷониби Киев бастагӣ доранд.

"Агар шарикони туркиёии мо тавонанд ба мақомоти Украина таъсире расонанду онҳоро сӯйи иҷрои созишҳои қаблан ҳосилшуда такон диҳанд, инро танҳо метавон истиқбол кард", - гуфт Песков.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Иброҳим Калин, намояндаи расмии президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз даъвати Владимир Путин ва Владимир Зеленский, роҳбарони Русия ва Украина ба Туркия хабар дод.
"Президент Эрдуғон ҳар ду роҳбарро ба Туркия барои мулоқот ва ҳалли мушкилоту нофаҳмиҳои миёнашон даъват намуд. Туркия ба ҳар коре дар ҳадди тавонаш омодааст, то ташаннуҷ дар равобити миёни Русия ва Украинаро коҳиш диҳад", - изҳор доштааст Калин.
Мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 7,5 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.
Солдат армии США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
"Онҳо дар дами теғанд": он чӣ дар Донбасс оғоз мешавад
Роҳҳои ҳалли ин мушкилро "чоргонаи нормандӣ" баррасӣ дорад, ки аз Русия, Украина, Олмон ва Фаронса иборат мебошад. Солҳои 2015-2016 тарафҳо сари аломатгузорӣ созиш карданду дар шаҳри Минск созишнома ба имзо расид. Дар мулоқоти ахири сарони кишварҳои узв, ки дар Порис моҳи декабри соли 2019 баргузор гашт, қарор шуд, ки созишномаи Минск заминаи асосӣ барои идомаи кор дар ин самт боқӣ монад.
Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0