Додгоҳи Ӯзбекистон дар робита ба парвандаи ҷанҷоли Юлдуз Усмонова қарори нав содир кард

© Instagram Yulduz UsmonovaЮлдуз Усманова
Юлдуз Усманова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Обуна шудан
Додгоҳ дар бораи нақзи ҳуқуқи муаллиф дар суруди "Xasta bo'lma", ки Усмонова иҷро кардааст, дар парвандаи примадоннаи Ӯзбекистон қарори нав содир кард
ДУШАНБЕ, 20 январь — Sputnik. Додгоҳ шикояти Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Юлдуз Усмоноваро дар мавриди нақзи ҳуқуқи муаллиф ҳангоми истифодаи матни тарона рад кард, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Бар пояи қарори додгоҳ, сарояндаи саршинос муваззаф шуд, ки ба шоир Юлчӣ Рӯзиев 50 миллион сӯм (4,6 ҳазор доллар) ҷуброни зарари маънавии расонидашуда ва ҳамзамон 135 миллион сӯм (12,5 ҳазор доллар) товони зарар пардохт намояд.
Бояд қайд кард, моҷарои таронаи машҳури "Xasta bo'lma"-и Усмонова соли гузашта сар зад.
Маълум шуд, ки ҳунарманд ба шеъри Рӯзиев, ки соли 2016 навишта шуда буд, оҳанг баставу сароида, аммо ба ӯ маблағ пардохт накардааст.
Узбекская певица Юлдуз Усмонова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Эксклюзиви солҳои 80-ум: навори нодири ҳунарнамоии Юлдуз Усмонова - видео
Таронаи ҷанҷолии Юлдуз Усмонова аз тамоми платформаҳои мусиқӣ ҳазф мешавад.
Қаблан шоир аз болои Усмонова ба додгоҳ шикоят бурд, ки он ин овохзонро ба нақзи ҳуқуқи муаллиф муттаҳам ва ба пардохти 185 миллион сум муваззаф кард. Аммо овозхон ба зинаи болоии додгоҳ шикоят бурд.
Ҳоло тарона дар иҷрои Усмонова аз ҳама платформаҳо: "YouTube", шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар платформаҳои мусиқии рақамӣ ҳазф шудааст.
Илова бар ин суруд дигар тавассути телевизион ва радио пахш карда нашуд.
Қаблан намояндагони ҳунарманд хабар дода буданд, ки сарфи назар аз ин баҳсҳои додгоҳӣ таронаи "Xasta bo'lma" ба таври нав садо хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0