"Дарро намекушоем": Фиғони як зани фаъоли афғонистонӣ зимни ҳамлаи шабонаи толибон - видео

© REUTERS \ West Asia News AgencyБойцы "Талибана"* во время стрельбы в тире в парке развлечений в Кабуле
Бойцы Талибана* во время стрельбы в тире в парке развлечений в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Обуна шудан
Толибон ба манзилҳои занони фаъоли ҷомеа дар Афғонистон ҳамла мекунанд
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Толибон ба хонаҳои заноне, ки ба нишони эътироз ба кӯчаҳои Кобул баромада буданд, ҳамла карданд.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон дар шабакаи "Telegramm"-и худ бо истинод ба хабаргузории "Aamaj News" иттилоъ додааст.
Бо ирсоли видеое ба сомонаи "Aamaj News" фаъоли ҷомеаи Афғонистон Таманно Париёнӣ иддао дорад, бархе аз афроде, ки худро толиб муаррифӣ кардаанд, талаб мекунанд, дарро ба рӯи онҳо боз кунанд, вале пас аз посухи рад гирифтан кӯшиш мекунанд, дарро тахриб кунанду вориди хона шаванд.
Занҳо фиғон мекашанд ва ба кумак даъват мекунанд. Зимнан онҳо ба ҷангҷӯён ёдоварӣ менамоянд, ки мақомот бо истифода аз зӯр вориди манзилҳои сокинон шудани ин гуна афродро манъ кардаанд.

"Кумак, лутфан. Хоҳаронам дар хона ҳастанд. Ман дар ин шаб наметавонам дарро боз кунам, фардо биёед, ҳарф мезанем", - фарёд мезанад зан.

Вале бино ба гузориши расонаҳо, толибҳо ахиран дарро боз кардаанд. Аз боздошти чанд зани фаъол низ хабар дода мешавад.
Ин дар ҳолест, ки толибон ба манзилҳои панҷшериён низ ҳамла кардаву ҷавононеро бо худ барои бозпурсӣ бурдаанд.

Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳо

Авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Толибон пас аз ҳуҷуми ҷабҳа ба кофтукови манзилҳои панҷшериён пардохтанд
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали мохи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.
Лентаи хабарҳо
0