Худравҳои зиёду роҳҳои танг - мушкили танбашавии нақлиёт дар Кӯлоб

© Sputnik / Амир ИсаевВорота на въезде в Куляб
Ворота на въезде в Куляб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шаҳри Кӯлоб дар вилояти Хатлон дучори мушкили танбашавии нақлиёт шудааст, ки то ҳол ҳал нагардидааст
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тангии роҳу афзоиши теъдоди мошинҳо шаҳри Кӯлобро дучори танбашавии нақлиёт кардаанд.
Ба навиштаи нашрияи минтақаии "Пайк", танзими ҳаракати нақлиёт дар шаҳри Кӯлоб аз масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мемонад.

"Агар роҳҳои борик боиси танбашавии воситаи нақлиёт гардад, сабаби дигари ин мушкилӣ зиёд шудани шумораи нақлиёт дар ҳудуди шаҳр ва ноҳияҳои он аст", - афзуд манбаъ.

Нашрия аз қавли Абдураззоқ Хоҷамқулов, мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсияи ҳукумати Кӯлоб хабар додааст, ки дар шаҳру деҳоти он 7400 адад нақлиёт ба қайд гирифта шудааст.
Хоҷамқулов афзуд, ки теъдоди санадҳои ҷаримавии татбиқшуда нисбати ронандагон беш аз 12 ҳазор ададро ташкил додааст, ки баъзан сари як ронанда ду-се санади муҷозотӣ рост меояд.
Жезл ГИБДД   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Эълони Cоли риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанбе
Дар зимн таъкид шудааст, ки танзими ҳаракати нақлиёти шаҳр, аз ҷумла дар роҳи назди бозори марказии шаҳри Кӯлоб танҳо бо ҷаримабандӣ ҳал намешавад. Пешниҳод шудааст, ки дар нуқтаҳои нисбатан серҳаракати воситаи нақлиёт чароғак насб гардаду хатсайри нақлиёти мусофирбар ба масири дигар гузаронда шавад.
Лентаи хабарҳо
0