Эълони озмун барои гирифтани стипендияи раиси шаҳри Душанбе

© Sputnik / Амир ИсаевШкольники идут по улице города Душанбе
Школьники идут по улице города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе барои дарёфти стипендияи раиси пойтахт озмун эълон кардааст
ДУШАНБЕ, 20 янв - Sputnik. Довталабони стипендияи раиси Душанбе муҳассилине буда метавонанд, ки рафтори намунавӣ дошта, бо баҳои хубу аъло мехонанд.
Ҳукумати Душанбе тавзеҳ дод, ки хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон, ки дар корҳои ҷамъиятии муассиса ва берун аз он иштирок менамоянд, метавонанд аснодашонро ба озмун пешниҳод намоянд.
Таъкид шудааст, ки хоҳишмандон бояд то соати 17:00-и 15 феврали соли равон ҳуҷҷатҳояшонро ба нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ, 50, ба идораи кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт супоранд.
Дар феҳрасти асноди зарурӣ аризаи довталаб, тавсиянома аз муассисаи таълимӣ, рӯйхати баҳои солона, ҷамъбастӣ ва аттестатсияҳои давлатӣ, расм, шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд зикр шудаанд.
Таджикские сомони в кошельке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Шарҳи фармони Раҳмон дар бораи зиёд кардани маош, нафақа ва стипендия
Ба иттилои шаҳрдорӣ, озмун дар доираи барномаи таълимӣ гузаронида мешавад. Барои хоҳишмандони гирифтани иттилои бештар рақамҳои телефони 2341680, 934603031, 900603031, 777150707 пешниҳод гардидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки соли хониши гузашта Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе барои барандаҳои стипендияи зикршуда 485 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд.
Стипендияи раиси Душанбе соли 2017 бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагони фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, ҳамасола тақдими онҳо мегардад.
Ин стипендия барои 200 нафар ба маблағи 250 сомонӣ дар як моҳ ва барои нуҳ моҳи соли хониш пардохт мешавад.
Лентаи хабарҳо
0