Пулиси Актюбе "ваҳшоният"-и эътирозгаронро нишон дод - видео

© REUTERS \ INTERIOR MINISTRY OF KAZAKHSTANПротесты в Казахстане
Протесты в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Обуна шудан
Эътирозгарон ҳеҷ гуна талабе накарданд, онҳо ҳама чизро дар роҳи худ вайрон мекарданд
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Раёсати пулиси вилояти Актюбе як видеои седақиқаӣ нашр кард, ки дар он саҳнаҳои калидии эътироз ва бетартибиҳо дар ин минтақа сабт шудааст.
Эътирозҳо дар Актюбе аз рӯи ҳамон сенарияе, ки дар Алмаато баргузор мешуданд, ҷараён гирифтанд. Дар аввал як қисми сокинон ба ҳимоят аз Актау ва Жанаозен ба майдон омаданд, аммо вазъ хеле зуд "гарм" шуд ва афроди радикал тасмим гирифтанд, ки аз ин вазъият истифода кунанд.
Эътирозгарон роҳҳо, аз ҷумла шоҳроҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, роҳи оҳанро баста, фаъолияти фурудгоҳро низ банд карданд. Зимнан бинои ҳокимиятро ишғол карда, ҳама чизро дар роҳи худ вайрон намуданд.
Протесты в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Коршинос: Ҳаводиси Қазоқистон ҳамаи кишварҳои шӯравии собиқро таҳдид мекунад
Дар видео дида мешавад, ки афсарони пулисро бо мошин зер мекунанд. Барои барқарор кардани тартибот шаби ҳафтуми январ мақомоти вижаи интизомӣ, низомиён амалиёти поксозии майдон ва озод кардани бинои ҳукумати вилояти Актюберо аз ҷинояткорон анҷом доданд.
Бо пулис муқовимат сурат гирифт, ки дар натиҷа як иштирокчии ин воқеот кушта шуд. Дар шаҳр ҳудуди 1500 нафар боздошт, алайҳи 15 нафар парвандаи ҷиноӣ оғоз, 417 нафар ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуданд. Даст доштани шаҳрвандони дигар дар ошӯбҳо тафтиш мешавад.
Лентаи хабарҳо
0