Раисӣ: НАТО нияти интиқоли террористҳо ба Осиёи Миёнаро дорад - видео

© AFP 2023 / HANDOUTПрезидент Ирана Ибрагим Раиси на заседании Госдумы
Президент Ирана Ибрагим Раиси на заседании Госдумы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Эрон зимни суханронияш дар парлумони Русия аз ниятҳои Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ - НАТО ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. НАТО нияти интиқоли террористҳо ба кишварҳои Осиёи Марказиро дорад, гуфт президенти Эрон зимни суханронияш дар ҳузури вакилони Русия.
"Онҳо нақшаҳои хеле мураккабе барои интиқоли террористҳо бо ҳадафҳои гуногун ба Қафқоз то Осиёи Миёнаро доранд", - изҳор дошт Иброҳими Раисӣ дар Думаи давлатӣ.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Эрон, ҳадафи асосии НАТО ноорому заиф кардани кишварҳои мустақил аз дохилашон мебошад. Барои ин эътилоф таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ мекунаду талош дорад, суботро вайрон намояд.
Вай илова намуд, ки вуруди Ғарб бо баҳонаи гуногун аз қабили густариши модели ғарбии демократӣ ва мухолифташон бо демократияҳои мустақил сурат мегирад.
Президенти Эрон илова намуд, ки чунин иқдомоти НАТО боиси парокандашавии он хоҳанд шуд, чун давлатҳо аллакай сирри фиребкории онро дарк намудаанд.
Пресс-конференция главы МИД РФ С. Лаврова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Лавров гуфт, талошҳои хориҷӣ барои ноором кардани Осиёи Марказӣ зиёданд
Раисӣ инчунин якҷоя кардани талошҳои Маскаву Теҳронро барои ҷилавгирӣ аз дахолати берунӣ ба корҳояшон муҳим хонд. Ӯ инчунин аз оҳанги Русия барои гузарондани конфронси масоили амниятӣ бо роҳбарони Чин, Покистон ва Туркия истиқбол намуд.
Вай илова намуд, ки Эрон нияти сохтани силоҳи ҳастаиро надорад ва агар Ғарб таҳримҳоро лағв кунад, омодаи созиш дар ин масъала мебошад.
Лентаи хабарҳо
0