Шереалӣ Кабир: Беш аз 5 ҳазор ҷои кори нав дар соли 2021 муҳайё шуд

 Шерали Кабиров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи ҳукумат аз дастовардҳои соҳааш дар соли гузашта гузориш дод
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Шералӣ Кабир мегӯяд, соли 2021 дар ҷумҳурӣ корхонаҳои нави саноатӣ бо таъсиси беш аз 5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фаъол шуданд.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон аз қавли Кабир хабар дод, ки рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22 фоиз афзоиш ёфт.
Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Шералӣ Кабирро муваззаф намудааст, ки барои татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатӣ кардани кишвар чораҳои муассир андешад.
Сотрудницы швейного цеха в одном из предприятий Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Эълони панҷсолаи рушди саноат дар Тоҷикистон
Ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок, ивазкунандаи воридот ва содиротӣ, коркарди ниҳоии ашёи хом дар дохили мамлакат ва рушди саноати нассоҷию дӯзандагӣ дар Тоҷикистон аз ҷумлаи вазифаҳое мебошанд, ки президент пеши вазир гузоштааст.
Қоҳир Расулзода, сарвазири мамлакат ҳисобот дод, ки соли 2021 дар кишвар 309 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ ба истифода дода шуда, рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид.
Ба гуфтаи сарвазир, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 98,9 млрд сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 9,2 фоизро ташкил намуд.
Лентаи хабарҳо
0