Президент: 162 нафар соҳиби нисфи дороиҳои Қазоқистонанд

© Sputnik / Абзал КалиевДеньги, тенге
Деньги, тенге  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Қазоқистон дар дасти ҳамагӣ чанд нафар қарор доштани беш аз нисфи дороиҳои кишварро мояи нигаронӣ хонд
ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон дар мулоқот бо намояндагони бахши соҳибкорӣ аз нобаробарии иҷтимоӣ дар ин кишвар суҳбат кард.
Ба гузориши Sputnik Қазоқистон, Тоқаев бо такя ба коршиносони байналмилалӣ, аз ҷумла KPMG таъкид намуд, ки ҳамагӣ 162 нафар нисфи дороиҳои кишварро дар даст доранд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, даромади аз нисф зиёди аҳолӣ ҳудуди 50 ҳазор тенге, каме аз бештар аз 1300 доллар дар як солро ташкил медиҳад. Президент дар хитоб ба соҳибкорон изҳор дошт, ки вазъро бояд тағйир дод.

"Як нафар ё ширкат ҳам истихроҷ мекунаду ҳам коркард. Инҳисори тиҷорат ин бисёр бад аст, ки боиси афсурдагии мардуму нобоварӣ ба кишвар мешавад", - ҳушдор дод президент.

Вай афзуд, одамоне ҳастанд, ки ҳич маълумот надоранд, аммо тиҷоратҳои зиёдеро соҳибанд. Маълумотдорҳо ҳич дастрасӣ ба захираҳо ва соҳибкорӣ дастрасӣ пайдо намекунанд.
Тоқаев мегӯяд, фарқияти калон миёни даромади қазоқистониҳо гӯгирде дар назди маводи тарканда шуд, ки иғвогарон аз он истифода карданд.Президент зикр кард, ки дар сохтори даромади миллӣ дар соли 2020 аз ҳама зиёд бахши соҳибкорӣ ҳисса дорад, ки 61,5% аст, аммо ҳиссаш дар андоз ба 7,3% рост меояд. Ӯ таъкид намуд, ки барои маоши қазоқистониҳо камтар аз сеяки даромади миллӣ рост меояд.
Касым Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Тоқаев сабаби аслии нооромиҳоро гуфт: Даромади элита зиёду аз аҳолӣ кам
"Фоидаро гурӯҳҳои маҳдуд мегиранд, даромади аксарияти аҳолӣ коҳиш ёфта истодааст. Ин хатари ҷиддӣ барои амнияти кишвари мо мебошад. Он метавонад ба азҳампошии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва баъдан сиёсӣ оварад", - гуфт Тоқаев.
Маврид ба зикр аст, ки эътирозоти оммавӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон дар пасманзари ду баробар боло рафтани нархи газ сар зада, аз ҷумла шаҳри Алмаато, пойтахти пешинаи кишварро фаро гирифтанд. Дар посух роҳбарияти кишвар то 19 январ ҳолати фавқулодда эълон намуд, то тартиботу волоияти қонун таъмин гардад.
Ба гузориши СММ дар ҷараёни эътирозот дар Қазоқистон ҳудуди 1 ҳазор нафар маҷруҳ гардиданд. Ба иттилои мақомоти умури дохилии Қазоқистон 17 намояндаи мақомоти қудратӣ ба ҳалокат расида, беш аз 1,3 ҳазор нафар осеб диданд.
Лентаи хабарҳо
0