Сафири тозатаъйини Ҷопон ба муовини Муҳриддин эътимоднома супурд

© Пресс-служба Министерства иностранных дел ТаджикистанаВручение копий верительных грамот Посла Японии в Таджикистане
Вручение копий верительных грамот Посла Японии в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Обуна шудан
Муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба сафари тозатаъйини Ҷопон комёбӣ таманно намуд
ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Сафири навтаъйини Ҷопон Тошикиҳиро Аикӣ кори худро аз супоридани эътимоднома ба намояндаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон шуруъ кард.
Дафтари матбуотии ин ниҳод хабар медиҳад, сафири нави Ҷопон Тошиҳиро Аикӣ ба муовини вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим эътимоднома супурд.
Манбаъ меафзояд, дар рафти мулоқот ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигарро мавриди таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин ва Такаюкӣ Мияшита - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Фаъолияти дипломатии сафири Ҷопон дар Тоҷикистон анҷом ёфт: Муҳриддин бо ӯ хайрухуш кард
Гуфта мешавад, Фарҳод Салим сафири тозатаъйинро табрик намуда, ҷиҳати пешбурди фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно кард.
Қаблан сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита буд, ки фаъолияти дипломатии ӯ анҷом ёфт.
Моҳи декабр Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷӣ сафири Ҷопон Такаюки Мияшитаро ба ҳузур пазируфт ва бори охир бо ӯ мулоқот кард.
Лентаи хабарҳо
0