Шабона дар Тоҷикистон заминларза рух дод

© AFP 2023 / OLIVIER MORINСейсмограф
Сейсмограф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Обуна шудан
Дар ҷумҳурӣ заминларзае дар умқи тақрибан 100 километр рух дод, ки мутахассисон тавонистаанд онро сабт кунанд.
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ сабт шудааст. Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар додааст.
Олимон ларзиши заминро дар соати 03:01 ба вақти маҳаллӣ сабт карданд.
Шиддати заминларза 3,8 балл арзёбӣ мешавад.
Маркази заминларза дар умқи 100 километр ҷойгир шудааст. Координатаҳои заминҷунбӣ 40,1 градуси арзи шимолӣ; 70,31 градус тӯли шарқӣ будааст.
Кумитаи ҳолатҳои изтирории ҷумҳурӣ то ҳол дар бораи талафот ва харобиҳо дар қаламрави Тоҷикистон дар пайи ин зилзила хабар надодааст.
Скорая помощь на месте взрыва у американского университета в Кабуле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Теъдоди қурбониёни заминҷунбӣ дар Афғонистон афзуд
Бояд гуфт, ки аз аввали соли 2022 вазъи сейсмологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври умум ноором буд.
Дар ин сол маркази бештари заминларзаҳои рухдода Афғонистон буд, ки ахиран куштаву харобиҳо низ дар пай дошт.
Дар ин кишвар рӯзе чанд бор ларзиши замин, аз 4 то 5,5 балл сурата мегирад.
Қаблан Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон шарҳ дода буд, ки қисми зиёди Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол аст, бинобар ин дар ин қора заминларзаҳои зиёд рух медиҳанд.
Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба феҳристи минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ ноором дохиланд.
Лентаи хабарҳо
0