Ташвиши кишоварзон: дар Суғд арзиши нуриҳои минералӣ 55% афзуд

© Pixabay/PascviiУдобрение земли
Удобрение земли - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Обуна шудан
Ин ҳол аксари кишоварзони вилоятро дар фасли зимистон, ки умдатан замони таътил гуфта мешавад, нигарон кардааст
ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Нархи ҳама намуди нуриҳои минералӣ дар нуқтаҳои фурӯш дар Суғд беш аз 55% боло рафта, як халтаи 50-килоии он аз марзи 400 сомонӣ гузаштааст.
Назир Тоҷибоев, яке аз кишоварзони пахтакори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ҳоло қимати як халта куди кимиёӣ (селитра) дар нуқтаи яклухтфурӯшии ноҳия ба 403 сомонӣ баробар шудааст.
Ин ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон таъкид намуд, ки соли қаблӣ як халта аз ҳамин модда ҳамагӣ 260 сомонӣ арзиш дошт.

"Ҳоло нархи ҳама куди кимиёӣ якбора беш аз 55% гарон шудааст. "Селитра" 403 сомонӣ, "амофоска" 405 сомонӣ, "мочевина" (корбомид) 413 сомонӣ шудааст”, - изҳор намуд деҳқон.

Кишоварзони дигар шаҳру навоҳии Суғд низ бинобар афзоиши нархи маводи лозим дар парвариши зироат изҳори нигаронӣ менамоянд.
Юлдошбой Очилов, яке аз шолипарварони ноҳияи Ҷаббор Расулов мегӯяд, соли гузашта 10 халта "амофоска"-ро бо 2500 сомонӣ харида буд, вале ҳоло нарх ба беш аз 4000 сомонӣ дакка хӯрдааст.
"Ҳоло фурӯшандаҳо нархи ҳар як халта "амофоска"-ро 405 сомонӣ ҳисоб мекунанд”, - мегӯяд ин шоликор.
Зимнан ба вилояти Суғд моддаҳои кимиёии муҳим барои зироаткорӣ аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ворид мешавад ва болоравии нархро худи фурӯшандаҳо низ инкор намекунанд.
Яке аз фурӯшандаҳо дар шарҳи болоравии нарх гуфт, ки “дафъаҳои охир ин маводи лозим барои соҳаи кишварзиро бо нархи баландтар аз Ӯзбекистон ворид мекунанд”.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2021
Сабукӣ: вазир гуфт, кишоварзон имсол беш аз 256 миллион сомониро сарфа мекунанд
Ин дар ҳолест, ки масъулони идораи кишоварзии Суғд мегӯянд, киштзорҳои ин вилоят солона ба беш аз сад ҳазор тонна нуриҳои минералӣ эҳтиёҷ доранд.
Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло масоҳати заминҳои обии ҳудуди вилоят 160 ҳазор гектор ҳисоб карда мешавад.
"Ба ҳисоби миёна агар ба ҳар як га замини обӣ 500-килои ҳисоб шавад, ба 80 ҳазор тонна дору баробар аст. Вобаста ба навъи зироат талабот ба моддаҳои кимиёии тағзияи зироат муайян карда мешавад. Барои мисол, ба полезиҳо 300 кило, ба як га замини пахта 500 кило, ба замини шолӣ 700 кило, ба майдони пиёз як тонна рост меояд”, - таъкид намуд Маҳмудзода.
Ин масъули идораи кишоварзии Суғд қайд намуд, ки болоравии нархи нуриҳо ба ҷайби деҳқонон зарба мезанад.
Дар Тоҷикистон ин гуна моддаҳои кимиёӣ асосан аз хориҷа, аз Ӯзбекистону Қазоқистон ва Русия ворид карда мешавад.
Ҳоло ба далели печида шудани вазъи сиёсӣ дар Қазоқистон воридоти ин навъ моддаи муҳим дар кишоварзӣ мутафаққиф шудааст.
Замоне коргоҳи тавлиди нуриҳои азотии "Вахш", воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон фаъол буд, вале баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ он аз фаъолият боз монд. Ҳукумати Тоҷикистон чанд сол қабл барномаи фаъолсозии ин коргоҳро таҳия намуда буд.
Лентаи хабарҳо
0