Ду корманди пулиси Душанбе барои "шантаж"-и шаҳрванди Финландия аз кор барканор шуданд

© Sputnik / Владислав ВодневМашина полиции
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кормандони пулис бо таҳдиди паҳн кардани навор аз шаҳрванди финландия маблағ талаб кардаанд
ДУШАНБЕ, 22 янв - Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи даъвои як шаҳрванди Финландия ду кормандашро аз сафҳояш рондааст. Дар ин бора Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, моҳи ноябри соли 2021 донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, шаҳрванди Финландия Ш.М., барои кӯмаки ҳуқуқӣ ба Эътилофи муроҷиат кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби сардори шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати корҳои дохилии пойтахт дар ноҳияи Сомонӣ Муҳаммадҷон Ализод ва нозири минтақавии ҳамин Шӯъбаи корҳои дохилӣ Азамат Иброҳимзода мавриди тамаъҷӯӣ ва шантаж қарор гирифтаанд.
Гуфта мешавад, ин ду корманди пулис рӯзи 20 октябри соли 2021 бе ягон асос вориди манзили иҷораи ӯ шуда, худи Ш.М. ва дӯстдухтараш Н.-ро, ки ба меҳмонӣ омада буд, наворбардорӣ намуда, таҳдид мекунанд, ки ин онро дар интернет мегузоранд ва барои онҳо мушкил эҷод мекунанд.
Ҷавон мехост аз дӯстдухтараш, ки пулисҳои даромада чанд мушт зада буданд, ҳимоя кунад, вале онҳо аз ӯ ҳазор доллар талаб кардаанд, афзудааст манбаъ.
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Талаби пул барои боз накардани парванда: Оҷонсӣ боз корманди ВКД-ро боздошт кард
Дар охир шаҳрванди Финландия маҷбур мешавад ба онҳо 300 доллару 1880 сомонӣ дода, субҳи рӯзи дигар бо шикоят аз амали ғайриқонунии кормандони милиса ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст.
11 ноябри соли 2021 аз Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба аризадиҳанда ҷавоб омадааст, ки кормандони милитсия Ализода М. ва Иброҳимзода А. барои паст задани шаъну шарафи шаҳрванди Финландия Ш.М аз вазифа озод карда шудаанд. .
Аммо шаҳрванди Финландия барои рӯёнидани маблағи додааш барои барои кумаки ҳуқуқӣ ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа муроҷиат кардааст.
Дар пайи ирсоли муроҷиатҳои даъвогар ба ВКД ва Дастгоҳи иҷроияи президент мақомоти умури дохила пас аз таҳқиқи ҳолати рӯйдода ахиран моҳи ҷорӣ аз шаҳрванди Финландия расман узрхоҳӣ мекунанд
Дар пайи таҳқиқ ва узрхоҳии мақоқот Ш.М. аз муроҷиати минбаъда худдорӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0