Баррасии масъалаи ҳайкали тахрибшудаи элбасиро дар Қазоқистон ба таъхир гузоштанд

© Sputnik / Жанна ЕтекбаеваПостамент памятника Нурсултану Назарбоеву в Талдыкоргане
Постамент памятника Нурсултану Назарбоеву в Талдыкоргане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2022
Обуна шудан
Баррасии мавзуи нозук, дар бораи сарнавишти минбаъдаи муҷассамаи биринҷии элбасӣ аз ҷониби мақомот "ба баъд", ба таъхир гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар Талдиқурғон сарнавишти муҷассамаи президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки дар ҷараёни ошӯбҳо аз ҷониби эътирозгарон тахриб шуда буд, "ба баъд", ба таъхир гузошта шуд.
Хабарнигори Sputnik Қазоқистон хабар медиҳад, ки то ҳол амали мақомот танҳо ба берун кардани пораҳои муҷассама аз майдони шаҳр маҳдуд шудаанд.
Муҷассамаи раисҷумҳури нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар майдони марказии Талдиқурғон моҳи ноябри соли 2016 гузошта шуда буд.
Он беш аз панҷ сол боқӣ монд ва рӯзи панҷуми январи соли ҷорӣ дар ҷараёни ошӯбҳо аз ҷониби тазоҳургарон тахриб шуд.
Обращение Назарбаева к народу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
"Нафақахӯрам ва ихтилофе бо Тоқаев надорам": видеои муроҷиати Назарбоев
Видеои тахриби ин тандис дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Дар наворҳо як мошини боркаш дида мешавад, ки бо садои баланди издиҳом ҳайкали бо ресмон басташударо аз пояаш тахриб мекунад.
Муҷассамаи биринҷӣ, ки баландиаш беш аз чор метр буд, порча-пора шуда, зери пои эътирозгарон қарор гирифт.
Хукуматдорони маҳаллӣ муддати дароз дар бораи тақдири минбаъдаи ҳайкал хомӯш буданд.
Суоли матраҳ ин аст, ки муҷассамаи харобшуда барқарор мешавад ё на.
Касым Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Тоқаев сабаби аслии нооромиҳоро гуфт: Даромади элита зиёду аз аҳолӣ кам
22 январ ниҳоят дар ҳукумати вилояти Алмаато возеҳ гуфтанд, ки тасмим гирифтанд, баррасии масъалаи сарнавишти ояндаи муҷассамаи элбасиро ба замони дигар мавқуф гузоранд.
Гуфта мешавад, ҳоло дар Талдиқурғон корҳои барқарорсозӣ бо суръат идома доранд. Бинҳои харобшудаи ҳукумати вилоят барқарор ва биноҳои маъмурии пулиси шаҳру вилоят, дигар иншооти давлатие, ки дар ҷараёни ошӯб осеб дидаанд, таъмир мешаванд.

"Дар мавриди тасмим дар бораи муҷассамаи тахрибшудаи президенти аввал баъдтар бармегардем. Мо ин мавзуъро танҳо пас аз барқарор кардани тамоми иншоот дар шаҳр баррасӣ хоҳем кард”, - гуфтааст Гулмира Калкабаева, сардори Раёсати фарҳанг, бойгонии вилояти Алмаато ба Sputnik Қазоқистон.

Ёдовар мешавем, ки тандиси Елбасӣ соли 2016 аз ҷониби ҳайкалтарошон Қозибек Жарилгапов (ки соли 2019 даргузашт) ва Мирлан Азмаганбетов сохта шудааст.
Баландии умумии он зиёда аз 8,5 метр буд. Худи ҳайкал биринҷию пояаш аз санги хоро сохта шуда буд.
Он дар Талдиқурғон дувумин тандиси гузошташуда дар ин кишвар ба ифтихори президенти нахустин Нурсултон Назарбоев буд.
Аввалинаш дар Алмаато насб ва барелиефи он дар муҷассамаи "Мангилик эл"-и пойтахт низ тасвир шудааст.
Лентаи хабарҳо
0