"Тойота-Прадо"-ро бепул гирифт: қаллобии зан дар Душанбе

© Sputnik / Алексей МальгавкоДевушка за рулем автомобиля, архивное фото
Девушка за рулем автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2022
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳолати қаллобие хабар медиҳад, ки дар он зани ҷавон даст дорад
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Зани 38 - сола худрави қимматбаҳоро миёнаҳои моҳи сентябри соли гузашта гирифтаасту маблағашро пардохт накардааст.
Вазортаи умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар бораи ин ҳодисаи қаллобӣ марди 42 - сола ба мақомот хабар додааст.
Ҳамин тавр, сокини 42-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бо аризаи шикоятӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намудааст.
Ӯ шикоят кардааст, ки 15-уми сентябри соли 2021, зани 38-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи қимматбаҳо гирифтааст.
Ба нақли ин ниҳод, зан, худрави тамғаи "Тойота-Прадо"-ро ба маблағи 240 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Автомобильный рынок  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Панҷ мошини гаронбаҳоро фурӯхту пулро ба соҳибашон надод: таҳқиқи қаллобӣ дар Душанбе
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, аз рўи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон аз ҳолатҳои фиребкорӣ дар бозори худравҳо тайи вақтҳои охир хабарҳои зиёде нашр мекунанд.
Аз ҷумла ахиран як марди 40-солаи сокини шаҳри Душанберо бо ҳамин иттиҳом боздошт карда буданд.
Ӯ дар он гумонбар дониста мешуд, ки аз марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакиро ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ, ду адад автомашинаҳои тамғаи БМВ-Х5 ва “Тайота-Кресто”-ро нархгузорӣ карда гирифта, маблағашонро то ҳол барнагардонидааст. Зарари расонидашуда 375 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.
Инчунин як марди 41-солаи дигарро бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир кардаанд, ки бо роҳи фиреб ба бовари марди 44-сола даромада, аз ӯ шаш адад автомашинаи гуногунтамғаро нарх гузошта, насия гирифтаст, аммо пулро надодааст.
Мақомот зарари расонидашуда дар ин ҳолатро 442 ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ намудаанд.
Лентаи хабарҳо
0