Асрори марги Суҳроби Сафарзод, ки 5 зан дошт: оё шаби фавташ дар хонаи Ҳабиба буд?

© YoutubeҲабиба Давлатова дар барномаи "Ногуфтаҳо"- и Орзу Исоев
Ҳабиба Давлатова дар барномаи Ногуфтаҳо- и Орзу Исоев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2022
Обуна шудан
Ҳабиба Давлатова сабаби марги Суҳроби Сафарзодро гуфту афзуд, ки шаби маргаш сароянда дар куҷо буд
ДУШАНБЕ, 22 янв - Sputnik. Ҳабиба Давлатова овозхони шинохтаи тоҷик дар бораи марги Суҳроби Сафарзод нақл кард ва гуфт, пас аз реҳлати ӯ ва Баҳроми Ғафӯрӣ худро танҳо эҳсос мекунад.
Ба нақли Ҳабиба, Суҳроб панҷ зан доштааст ва гоҳе бо якуму гоҳе бо дуюм ва дигарон зиндагӣ мекард.
Пас аз марги Суҳроб миёни мардум овоза шуда буд, ки ӯ шаби маргаш дар хонаи Ҳабиба будааст, вале ҳунарманд ин иддаоро рад мекунад.

"Вақте мо ҷанозааш рафтем, модараш аз ман пурсид, ки "ӯ ҳамон шаб дар хонаи шумо буд?". Ман гуфтам: "Не, холаҷон дар хонаи ман набуд, агар мебуд, шояд ман ӯро наҷот медодам", - гуфт Ҳабиба дар барномаи "Ногуфтаҳо".

Ба нақли сароянда, Суҳроб дар хонаи як "бародар", ки бо санъаткорон ҳамнишин буда ва дар ҳамсоягии Ҳабиба ба сар мебурдааст, буд.
Давлатова мегӯяд, ба сабаби ин ки мошини Суҳроб дар саҳни ҳавлӣ гузошта шуда буд, ҳама фикр кардаанд, ки ӯ дар хонаи Ҳабиба буд.
Ҳабиба мегӯяд, сабаби марги Суҳроб на истеъмоли нашъа, чуноне ҳама мегӯянд, балки бемории дил буд.

"Лабонаш каб-кабуд буд. Дилаш кафидааст", - гуфт Ҳабиба ва афзуд, ки Суҳроб тез-тез аз дарди дил шикоят мекард.

Суҳроби Сафарзод 10 декабри соли 2010 дар синни 30-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Ҳабиба Давлатова, сарояндаи шинохтаи тоҷик хоҳарбузурги Моҳира Тоҳирӣ - аз дигар сарояндагони шинохтаи эстрадаи тоҷик аст. Ба нақли сароянда, онҳо чор фарзанданд, се хоҳад ва як бародар.
Худи Ҳабиба соҳиби се духтар ва чор набера мебошад.
Лентаи хабарҳо
0