Ягон шонс надод: дастаи яккачини Ӯзбекистон Қирғизистонро дар Душанбе голборон кард

© Pixabay Футзал, архивное фото
Футзал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2022
Обуна шудан
Дастаи яккачини занонаи Қирғизистон пас аз бозии мусовияш бо Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бо ҳисоби калон шикаст хӯрд
ДУШАНБЕ, 22 янв - Sputnik. Дар Маҷмаи варзишии Душанбе қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона идома дорад.
Дастаи яккачини Қирғизистон пас аз дидор бо Тоҷикистон зидди мунтахаби Ӯзбекистон вориди майдон шуд
Ин бозӣ 22 январ доир гардида, бо ҳисоби 11:0 ба фоида ӯзбекдухтарон хотима ёфт.
Тими Ӯзбекистон тавонист дар даври аввал 4 ва дар даври дувум 7 гол вориди дарвозаи ҳарифонашон сохтанд.
Рақобати футболбозони Тоҷикистону Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2022
Ду голи хато: рақобати занони футболбози Тоҷикистону Қирғизистон бо чӣ анҷомид?
Голҳоро Maфтунa Шoимoвa (3), Maдинa Ҳикматовa (8), Дилдорa Эргашевa (3), Нилуфар Қудратовa, Зумрат Назаровa, Назима Эргашевa, Эзоза Шарипова ба ҳадаф расонданд.
Сармураббии яккачини Ӯзбекистон Фаррух Зокиров гуфтааст, ки бурд бо Қирғизистон осон ба даст омад ва ду бозӣ бо Тоҷикистон ба мо кӯмак мекунад, бо фазо мутобиқ гардида, бо мунтахаби Эрон, ки аз ҳама қавӣ аст, мубориза барем.
Тими Қирғизистон дар даври аввали ин мусобиқот бо Тоҷикистон мусовӣ карда буд.
Ҳоло дар Душанбе рақобати дастаҳои Тоҷикистон ва Эрон идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0