Истироҳати бофароғат: аз вилояти Хатлон чанд сайёҳи хориҷӣ боздид кардааст?

© © Sputnik / Амир ИсаевНурекское водохранилище, архивное фото
Нурекское водохранилище, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2022
Обуна шудан
Маълум шуд, аз вилояти Хатлон дар давоми соли 2021 чанд сайёҳи хориҷӣ боздид кардааст
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Соли 2021 аз вилояти Хатлон зиёда аз 440 ҳазор гардишгар, аз ҷумла 2676 сайёҳи хориҷӣ дидан намудааст.
Дар ин бора шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин вилоят баҳри ҷалб намудани теъдоди бештари сайёҳони хориҷӣ дар оянда низ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, аз имконияти мавҷуд истифода мешавад.
Ҳамчунин бо мақсади рушди сайёҳӣ ва ба гардишгарон дастрас будани маълумот оид ба мавзеъҳои сайёҳии вилоят сомонаи сайёҳии Мақомоти вилояти Хатлон "Sayohikhatlon" бо се забон фаъол аст.
Хабар дода мешавад, ки дар айни замон дар ҳудуди вилоят 931 ёдгориву мавзеи таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 112 меҳмонхона, 130 мавзеи сайёҳӣ, 134 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 132 тарабхона, 43 осорхона воқеъ аст.
Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Сайёҳони русиягӣ таътили солинавиро дар Тоҷикистон гузарониданд
Ҳамчунин дар ҳудуди вилояти Хатлон 17 ширкати сайёҳӣ, 119 чойхона, 306 банкомат, 61 адад ҳомстей ва гестҳаусҳо, 88 мағозаи фурӯши армуғон, 115 зиёратгоҳ, 46 боғи фарҳангӣ — фароғатӣ ва гулгаштҳо, 83 адад ишораҳои сарироҳӣ ва 27 маркази иттилоотии сайёҳӣ, 17 ширкати сайёҳӣ мавҷуд мебошад, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд, афзуд манбаъ.
Пештар хабар дода шуд, ки аксари русиягиҳо таътили зимистонаашонро дар Тоҷикистон гузаронидаанд.
Тибқи таҳлилҳои марбути ҷустуҷӯву фармоиши билетҳои ҳавопаймо ва меҳмонхонаҳо, сайёҳони русиягӣ бештари вақти худро дар Душанбе гузаронидаанд.
Лентаи хабарҳо
0