Ҷамила Байдуллоева: Моҳи феврали бориши зиёди борону барф дар назар аст

© SputnikПервый снег в Душанбе
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2022
Обуна шудан
Обуҳавошиносони тоҷик пешгӯӣ доранд, ки дар моҳи феврали соли равон дар ҷумҳурӣ бориши зиёди борон, барф ва барфи тар дар назар аст
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ҷамила Байдуллоева, муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар додааст, ки давоми моҳ ба амал омадани боришоте бо шиддатҳои гуногун сурат хоҳанд гирифт.
Вай гуфт, ки дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад.
Дар водиҳо аз 3 то 8 дарҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ зуд-зуд ба амал омадани боришоти борон ва барфи тар аз эҳтимол дур нест. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2022
Сардиҳо дар Бадахшону барфу тормеғ дар Душанбе: пешгӯии обуҳавошиносон
Хонум Байдуллоева афзуд, ки дар водиҳои вилояти Суғд дар ин моҳ ҳаво дар аз 3 то7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 5 дараҷа сард хоҳад шуд. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона аз 1-6 дараҷа хунук то 6 дараҷа гарм, рӯзона бошад аз 2 то 7 дараҷа гарм то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук то 15 дараҷа хунук, рӯзона аз сифр то 5 дараҷа хунук то 7 дараҷа гарм мешавад.
“Миқдори моҳонаи боришот дар ҳудуди меъёр, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд”, - қайд кард хонум Байдуллоева.
Ҳамзамон ба иттилои муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи феврал дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, 0-5 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад.
Помидоры в теплице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2020
Вазорати кишоварзӣ: сардиҳои ахир қариб нисфи сабзавоту меваро нобуд кард
“Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, шабона аз 9- 15 дараҷа хунук, рӯзона бошад аз 0-5 дарача хунук то аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ ба амал омадани боришоти шиддатҳои гуногундошта дар назар дошта шудааст. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 18 метр дар як сония дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ (туман) мефарояд”, - афзуд номбурда.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи феврал ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, то 15 дараҷа хунук, дар мавзеи Булункӯл то 19 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад.
Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво дар назар буда, рӯзона то 12 дараҷа хунук, шабона то 27 дараҷа хунук мешавад.
Лентаи хабарҳо
0