Тими Эрон Тоҷикистонро голборон кард: анҷоми марҳилаи дуюми CAFA-2022 миёни бонувон

© котиботи Федератсияи футболи ТоҷикистонБозиҳои бонувони футболбоз миёни Тоҷикистон ва Эрон
Бозиҳои бонувони футболбоз миёни Тоҷикистон ва Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2022
Обуна шудан
Федератсияи футболи Тоҷикистон аз анҷоми марҳилаи дуюми қаҳрамонии CAFA-2022 миёни бонувони футзалбоз хабар дод
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Бозии охири даври дуюми CAFA-2022 дар Душанбе миёни тимҳои Тоҷикистону Эрон бо пирӯзии дастаи меҳмон анҷом ёфт.
Ба иттилои ФФТ, бонувони эронӣ ба дарвозаи тими Тоҷикистон 12 голи беҷавоб ворид намуданд. Дастаи Ӯзбекистон қаблан тими Қирғизистонро бо ҳисоби 11:0 шикаст дода буд.
Дар пайи ҷамъбасти ду давр тими Эрон бо шаш хол пешсафи ҷадвал мебошад. Дастаи Ӯзбекистон соҳиби се хол аст. Мунтахабҳои Қирғизистону Тоҷикистону, ки якхолӣ доранд, мутаносибан дар ҷойҳои се ва чор қарор гирифтаанд.
Футзал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2022
Ягон шонс надод: дастаи яккачини Ӯзбекистон Қирғизистонро дар Душанбе голборон кард
Бозиҳои марҳилаи сеюми қаҳрамонии CAFA-2022 дар риштаи футзал миёни тимҳои мунтахаби бонувон рӯзи 24 январ баргузор мешаванд. Соати 15:00 бозӣ миёни тимҳои Қирғизистон ва Эрон оғоз мегардад. Соати 18:00 бошад, дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар маҷмаи варзишии Душанбе вориди майдон мешаванд.
ФФТ тавзеҳ дод, ки нахустин қаҳрамонии футзали CAFA миёни тимҳои бонувон аз рӯи низоми даврӣ дар ду давр баргузор мешавад. Дар ин шева ҳар тим шаш бозӣ анҷом медиҳад.
Дар маҷмуъ дар ин қаҳрамонӣ 12 бозӣ баргузор мешавад, ки дар ҷамъбасти он аз рӯи холҳо тими ғолиб муайян мешавад.
Лентаи хабарҳо
0