Зокирзода ба интихобкунандагон чӣ гуфт? Ҷалби 150 млрд сомонӣ аз хориҷу афзоиши даромад

© Парламент ТаджикистанаГлава парламента Республики Таджикистан Махмадтуар Зокирзода
Глава парламента Республики Таджикистан Махмадтуар Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки бо интихобкунандагонаш силсиламулоқотҳо гузаронд, аз чӣ суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба интихобкунандагонаш дар ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод пешрафтҳои асосии 20 соли охирро ном бурдааст.
Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд, изҳор дошт Зокирзода.
Нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли раиси маҷлис овардааст, ки ММД дар 20 соли охир 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардид.
Ба гуфтаи Зокирзода, марҳилаи рушди Тоҷикистон аз даҳсолаи дуюми замони соҳибистиқлолӣ оғоз гардида, дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш ёфт, илова намуд ӯ.
 Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода на заседании правительства 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Расулзода гуфт, ба Тоҷикистон чӣ қадар сармоя ҷалб шуд
Раиси парлумон зикр кардаст, ки дар даврони соҳиб­истиқлолӣ 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати бунёд гардида, дар умум ҳудуди 75 дарсади инфрасохтори энергетикии кишвар навсозӣ гардидааст.
Ҷалби сармоягузорӣ аз мавзуъҳои дигари суҳбати Зокирзода бо интихобкунандагонаш будаст.
Ӯ изҳор доштааст, ки тайи бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардид. Раиси парлумон тавзеҳ дод, ки аз ин пули ҷалбшуда аз хориҷа 59 миллиард сомонияш сармояи ­мустақим мебошад.
Вай илова намуд, ки барои соҳаи саноати кишвар беш аз 35 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ равона гардида, инчунин дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар соҳаҳо лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи 91 миллиард сомонӣ амалӣ гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0