Аҳмадзода ба зердастонаш дастуру супоришҳои президентро расонд

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд тамоми дастуру супоришҳоеро, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси васеи ҳукуматӣ ибро дошт, ба зердастони худ расонд
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ доир намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси ин вилоят.
Гуфта мешавад, дар машварати корӣ бо ҳузури раиси вилоят, муовинони ӯ, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони тамоми сохтор ва раисони шаҳру навоҳӣ иштирок намуданд.
Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки 20 январ дар маҷлиси васеи ҳукумат баён гардида буданд, дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.
Расширенное заседание Правительства Республики Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Раҳмон ҷаласаи васеи ҳукуматро баргузор кард: тағйироти кадрӣ мешавад?
Раиси вилоят супориш дод, ки бо назардошти эълон шудани панҷсолаи рушди саноат бояд аз тамоми имкониятҳои мавҷуд истифода шавад.
Ин манбаъ афзуда, саноатчиёни вилоят як сол қабл истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба беш аз 20 миллиард сомонӣ расонданд.
Ёдовар мешавем, 20 январ Эмомалӣ Раҳмон нахустин ҷаласаи васеи ҳукумат дар соли ҷориро баргузор ва вазифаҳои асосиро муайяну тағйироти дар пешистодаро эълон кард.
Ҳамин тариқ, дар нахустин ҷаласаи васеи соли равон раисҷумҳур натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро дар соли 2021 эълон намуд.
Лентаи хабарҳо
0