Чину Русия хоҳиши Ҷинпин аз Путин дар мавриди Украинаро дурӯғ хонданд

Города мира. Пекин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазоратҳои умури хориҷии Русия ва Чин хабарҳо дар бораи хоҳиши Пекин аз Маскав дар мавриди Украинаро бепоя хонданд
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Чин матолиби марбути дархости роҳбараш Си Ҷинпин аз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар бораи ҳуҷум накардан ба Украинаро нодуруст хонд.
"Матолиб дар ин бора комилан дурӯғанд", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Вазорати умури хориҷии Чин.
Қаблан расонаи "Bloomberg" матлаберо нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, гӯё роҳбари Чин аз ҳамтои русиягияш даъват намудааст, дар давоми бозиҳои олимпии зимистона ба Украина ҳуҷум сурат нагирад. Бозиҳои зимистона дар Чин аз 4 то 20-уми феврали соли равон баргузор мешаванд.
Флаг НАТО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2022
"То дузах ях набандад": дабири пешини НАТО дар бораи вақти пайвастани Украина ба эътилоф
Мақомоти Чин таъкид кардаанд, ки чунин изҳорот на танҳо фитна алайҳи алайҳи ду кишваранд, балки халалдор кардани Бозиҳои зимистонаи олимпӣ низ мебошанд.
Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова матлаби "Bloomberg"-ро на танҳо фейк, балки амалиёти махсуси иттилоотӣ хондааст.
"Ин аллакай фейк нест, ин аллакай амалиёти махсуси иттилоотии мақомоти дахлдори амрикоӣ бо истифода аз васоити ахбори омма мебошад", - изҳор доштааст Захарова.
Маврид ба зикр аст, ки моҳҳои охир дар расонаҳои ғарбӣ иттилоот дар бораи омодагии Маскав барои "ҳуҷум" ба Украина зиёд нашр мешаванд. Маскав борҳо ин хабарҳоро бепоя хонда, таъкид намудааст, ки чунин изҳорот чун баҳонае барои таҳкими ҳузури нерӯҳои НАТО дар наздикии марз бо Русия истифода мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0