Ҷонибдории Маскав аз музокироти байниафғонӣ дар Осло ва шубҳааш дар натиҷа

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкСпециальный представитель президента России по Афганистану, директор Второго департамента Азии Министерства иностранных дел РФ Замир Кабулов
Специальный представитель президента России по Афганистану, директор Второго департамента Азии Министерства иностранных дел РФ Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Русия ҷонибдорияшро аз музокироти байниафғонӣ, ки дар шаҳри Осло сурат мегирад, баён дошт
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, бо истиқбол аз гуфтушунидҳо дар Осло илова намуд, ки дар натиҷаҳои он шубҳа дорад.
"Дар мавриди Осло, мо ҳамеша тарафдори музокироти байниафғонӣ будем, аммо самаранокии ин гуфтушунидҳои норвегӣ шубҳаовар аст", - гуфтаст Кобулов ба РИА Новости.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Вазорати умури хориҷии Норвегия хабар дод, ки ҳайати толибҳо рӯзҳои 23 - 25 январ барои мулоқот бо мақомоти ин кишвар, намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон дар Осло қарор хоҳанд дошт. Ҳайати толибҳоро дар ин сафар иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии Афғонистон, Амирхон Мутаққӣ роҳбарӣ мекунад.
Тазоҳурот дар Кобул бар ҳимоят аз Ҳиҷоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2022
Раҳпаймоии мардони Кобул барои ҳимоят аз ҳиҷобпӯшии занон - видео
Томас Уэст, намояндаи махсуси ИМА дар умури Афғонистон низ изҳор дошт, ки бо ҳайати намояндагони дигари амрикоӣ, аз ҷумла аз вазорати молия ва Ожонси рушди байналмилалии ИМА озими Осло шудаст.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи август ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ хабар доданд. Эълон карданд, ки давлатро бар асоси қонунҳои шариат идора хоҳанд кард. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва фаъолони Афғонистон аз ҳукуматдорони ҷадид дар ин кишвар ташкили ҳукумати ҳамашумул ва риояи ҳуқуқҳои бунёдии инсониро талаб доранд.
Лентаи хабарҳо
0