Рондани муштзани қирғиз аз чемпионат барои қоидашиканӣ алайҳи рақиби тоҷикаш - видео

© PixabayБоксерские перчатки, архивное фото
Боксерские перчатки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Обуна шудан
Муштзани тоҷик дар пайи қоидашикании ҳарифи қирғизаш ғолиби зӯрозмоӣ дониста шуд
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Жакшилик Тилекуулу, муштзани қирғиз аз қаҳрамонии Осиё, ки феълан дар Тошканд ҷараён дорад, ронда шуд.
Тавре шабакаҳои телевизионии Ӯзбекистон гузориш доданд, варзишкори қирғиз дар зӯрозмоӣ бо рақиби тоҷикаш Хусравхон Раҳимов, қоидаҳоро вайрон намуд. Аз ҷумла муштзани қирғиз талош дошт, бо сару пои рақибаш низ зарба занад.
Бар асоси навори нашршуда, довари мусобиқа дар пайи чунин сурат гирифтани кор, варзишкори қирғизро аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум карда, пирӯзиро ба муштзани тоҷик дод. Намояндаи Қирғизистон дар натиҷаи чунин қарори довар ашк рехт.
Маврид ба зикр аст, ки аз 21 то 30 январ дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон бори аввал Қаҳрамонии Осиё дар риштаи бокс миёни ҷавонони то 22-сола ҷараён дорад.
Дар ин мусобиқа варзишгарон аз Ӯзбекистон, Тайланд, Ҷопон, Филиппин, Тоҷикистон, Муғулистон, Қирғизистон ва Малайзия иштирок мекунанд. Дар умум иштирокчиёни мусобиқа аз 16 кишваранд.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, дастаи мунтахаби бокси кишвар дар ҳайати 19 нафар (14 мард, 5 зан) ба Тошканд сафар кардааст.
Варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев, Парвиз Ахмедов, Носирҷон Азимов, Эмомалӣ Малаев, Хуршед Абдуллоев, Асомиддин Бурҳонов ва Равшан Ёқубов ҳамроҳӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0