Парлумон тасдиқ кард: Тоҷикистон ба бандари Туркманбошӣ роҳ меёбад

© AP Photo / Xinhua, Han YuqingЦинхай-Тибетская железная дорога
Цинхай-Тибетская железная дорога - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Обуна шудан
Ин созишнома барои расонидани молу колои Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 24-уми январияш Созишнома миёни Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳанро тасдиқ кард.
Дар ин бора сахагӯӣ Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, тасдиқ гардидани созишномаи мазкур ба баланд бардоштани сатҳи хидматрасонии байналмилалии ҳамлу нақл, содирот, воридот ва транзити бор бо нақлиёти роҳи оҳан миёни Тоҷикистон ва Туркманистон, таҳкими ҳамкории дуҷониба, зиёд гардидани гардиши молу маҳсулот миёни ҳар ду кишвар мусоидат мекунад.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон бо истифода аз роҳҳои оҳани транзитӣ ва бандари обии Туркманбошии Туркманистон тавассути баҳри Хазар ба роҳҳои оҳани дигар, кишварҳои Аврупо, инчунин барои ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ даст меёбад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Натиҷаи мулоқоти Раҳмону Бердимуҳаммадов: 19 санад имзо шуданд - рӯйхат
Ёдовар мешавем, ин созишнома зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ишқобод моҳи августи соли 2021 ҳосил шуда буд. Дар ҳоле ки Туркманистон солҳои охир мошину қаторҳои борбари Тоҷикистонро роҳ намедод ва дар ин масир мушкилиҳо ҷой дошт.
Дар ин сафар ва дидори Раҳмон бо ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов таъкид гардида буд, ки баҳрабардорӣ аз имконоти васеи соҳаҳои саноат, нақлиёт, ташкили мусофиркашонӣ дар роҳи оҳан ва хатсайрҳои ҳавоӣ, ташкил ва боло бурдани ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалии боркашонӣ бо мошин ва роҳи оҳан тавассути қаламрави Туркманистон, истифодаи бандари байналмилалии баҳрии Туркманбошӣ ҳамчун маркази логистикии борҳои транзитии Тоҷикистон ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд.
Ҳамкории кишварҳо дар умури роҳу нақлиёт дар ҳолест, ки Туркманистон аз соли 2019 ба далоили номаълум борҳои самти Тоҷикистонро ба қаламраваш роҳ намедод. Мақомоти туркман далели ин иқдомро ба масоили амниятӣ рабт медоданд, аммо ҷузъиётро ироа намекарданд.
Лентаи хабарҳо
0