Раҳмон онлайнӣ бо Ҷинпин ва президентҳои Осиёи Миёна суҳбат мекунад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанРасширенное заседание Правительства Республики Таджикистан
Расширенное заседание Правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти онлайниии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Мулоқоти онлайнии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ба муносибати 30-юмин солгарди барқарорсозии муносиботи дипломатӣ сурат мегирад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Қирғизистон, ин мулоқот 25 январ бо ташаббуси ҷониби Чин баргузор мегардад.
Манбаъ афзуд, ки дар мулоқоти онлайнӣ роҳбари Чин Си Ҷинпин, раисҷумҳурҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Қирғизистон Содир Ҷабборов, Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок мекунанд.
Дар ин мулоқот мавзуъҳои гуногуни ҳамкории Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуда, интизор меравад, ки дар робита ба натиҷаҳои он изҳороти муштарак қабул карда шавад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон (справа) и председатель КНР Си Цзиньпин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2022
Раҳмон ва Ҷинпин ҳамдигарро шодбош гуфтанд
Ин дар ҳолест, ки Ҷинпин роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказиро барои боздид аз Чин ва иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ даъват намудааст. Аз ҷумла аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ даъват кардааст, ки дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии зимистона - 2022 иштирок намояд. Феълан мақомоти тоҷик расман дар бораи сафари Раҳмон ба Чин хабаре нашр накардаанд.
Маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии зимистона-2022 рӯзи чоруми феврал дар варзишгоҳи Пекин баргузор мешавад. Бозиҳои зимистона дар Чин аз 4 то 20 феврали соли равон баргузор мешаванд. Мусобиқаи варзишгарон дар намудҳои гуногун, аз ҷумла лижаронӣ, рақси болои ях, бобслей, биатлон, фристайл, ҳоккей ва ғайра дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0