Русия хабарҳо дар бораи ворид шудани ҳайатҳои толибон ва ҷабҳа ба Маскавро рад кард

© AFP 2022 / WAKIL KOHSARАхмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати хориҷии Русия хабарҳо дар бораи вуруди ҳайатҳои толибон ва муқовимат ба Маскавро рад кард
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Замир Кабулов, намояндаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон хабари расонаҳо дар бораи ба Маскав омадани ҳайати толибон ва намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон барои музокиротро рад кард.
Оқои Кобулов ба Sputnik дар бораи вуруди ҳайатҳои толибон ба муқовимат ба Маскав гуфт: "Ин хабар ҳақиқат надорад".
Қаблан теъдоде аз расонаҳо аз қавли Раҳматуллоҳ Набил, раиси пешини амнияти миллии Афғонистон хабар доданд, ки Муҳаммад Ёқуб, иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои Афғонистон ва Абдулғанӣ Бародар, раиси ҳукумати толибон бо як сафари эълонношуда вориди Маскав шудаанд.
Специальный представитель президента России по Афганистану, директор Второго департамента Азии Министерства иностранных дел РФ Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Ҷонибдории Маскав аз музокироти байниафғонӣ дар Осло ва шубҳааш дар натиҷа
Илова бар ин расонаҳо ба нақл аз манобеашон навиштаанд, ки Амруллоҳ Солеҳ ва Аҳмад Масъуд, раҳбарони муқовимат низ қасд доранд, ба Маскав биёянд.
Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ қаблан дар Теҳрон дидор карда буданд, ки гуфта мешуд, ягон натиҷаи мушаххас надод.
Маскав аз ин гомҳо барои музокирот истиқбол кард ва гуфт, ки омодааст, барои музокироти гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон шароит фароҳам кунад.

Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳо

Авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
ИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения Талибан* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения Талибан* Шахабуддин Делавар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Ҳабибуллоҳи Ҳисом: Ҳайати толибон аз Эрон дасти холӣ ва бидуни дастовард баргашт
Аввали мохи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад.
Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0