Омодагӣ ба “Ҷоми рушд”: се рақиби миллипӯшони Тоҷикистон барои бозии санҷишӣ дақиқ шуд

© ФФТЮношеской сборной Таджикистана (U-16)
Юношеской сборной Таджикистана (U-16) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Обуна шудан
Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар давраи омодагияшон дар Туркия муайян шуд
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дар марҳилаи омодагӣ дар Туркия мунтахаби наврасони Тоҷикистон чаҳор бозии санҷишӣ баргузор мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуотии ФФТ.
Ба иттилои манбаъ, 24 январ яккачини Тоҷикистон бо ҳамсолони булғорияшон бозии санҷишӣ мегузаронад.
Дар бозии дуюм, рӯзи шанбеи 29-уми январ, шогирдони Зайниддин Раҳимов бо Академияи Краснодар (U-17) рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Рӯзи 31 январ наврасони Тоҷикистон бо тими Булғористон бозии дуввуми дӯстона анҷом медиҳанд.
Рақиби ниҳоии дастаи наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи омодагиҳояш дар Анталия мунтахаби Мексика хоҳад буд. Ин дидор рӯзи 3 феврал баргузор мешавад.
Тренер юношеской футбольной сборной Таджикистана Ахлиддин Турдиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2021
Турдиев дар бораи пирӯзии Тоҷикистон дар "Ҷоми рушд": мусобиқа ба мо бисёр чизҳо дод
Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) пас аз анҷоми тамрин дар Туркия ба шаҳри Минск, ки дар он ҷо 18-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд”, ки аз 5 то 14 феврал дар пойтахти Белорус доир мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, дастаи футболи наврасони Тоҷикистон соли қабл медалҳои тилло ва барандаи воқеии "Ҷоми Рушд - 2021" гардида буд.
Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад.
Лентаи хабарҳо
0