Барфрезии шадид дар Истанбул дари макотибу фурудгоҳҳоро баст

Зима в Анкаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Феълан фурудгоҳи Истанбул бинобар номусоид будани ҳаво муваққатан фаъолияташро масдуд кард
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Дар Туркия боришоти шадиди барф сурат гирифт ва фаъолияти фурудгоҳи Истанбулро ба мушкил мувоҷеҳ кард.
Гуфта мешавад, дар ҷануби Туркия барфи рӯи замин ба як метр баландӣ расидааст.
Дар робита ба номусоид будани ҳаво фурудгоҳи Истанбул муваққатан корашро масдуд кард ва феълан ягон парвоз дар ҷадвали парвозҳо вуҷуд надорад. Зимнан дафтари ҳавопаймоии "Turkish Airlines" то ҳол дар бораи ин вазъ изҳори назар накардааст.
Вазъ ба ҳадде печида аст, ки аз минтақаҳои барфпӯш сокинонро бо чархболҳо берун мекунанд.
Дар ҳамин ҳол дари макотиб низ баста шудааст. Тибқи иттилои хадамоти обуҳавошиносии маҳаллӣ, бориши барф метавонад шиддат гирад ва чанд рӯзи дигар идома кунад.
Лентаи хабарҳо
0