Видеои голборони тимҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз сӯйи Ӯзбекистону Эрон

Обуна шудан
Дар даври навбатии CAFA-2022 тими духтарони футзалбози Ӯзбекистон дастаи Тоҷикистонро ва тими Эрон мунтахаби Қирғизистонро голборон кард
Федератсияи футболи Тоҷикистон гузориш дод, ки бонувони ӯзбек ба дарвозаи тими Тоҷикистон 8 гол ворид кардаанд. Ягона голи ҷавобии ҷониби Тоҷикистонро Ҷонона Қурбонова ба дарвозаи тими рақиб ворид кардааст.
Дар ин давр инчунин бозии тимҳои мунтахаби бонувони футзалбози Эрону Қирғизистон бо ҳисоби 10:0 анҷом ёфт. Бонувони футзалбози қирғиз натавонистанд ба 10 голи духтарони эронӣ посух диҳанд.
Дар марҳилаи кунунии мусобиқаи CAFA-2022 Эрон бо нуҳ хол пешсафи ҷадвал мебошад. Дастаи Ӯзбекистон соҳиби шаш хол аст. Дастаҳои мунтахаби Қирғизистону Тоҷикистон, ки якхолӣ доранд, мутаносибан дар ҷойҳои се ва чор қарор гирифтаанд.
Қобили зикр аст, ки аввалин Чемпионати CAFA "Futsal Championship" байни дастаҳои занона дар Душанбе аз рӯи системаи даврӣ дар ду давр баргузор мешавад, ки ҳар як даста шаш бозӣ анҷом медиҳад.
Ҳамаи дувоздаҳ бозӣ дар чаҳорчӯби ин мусобиқот баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мешавад.
Лентаи хабарҳо
0