Ҳабси марде, ки дар Душанбе занашро озор доду аз мӯи сараш ӯро кашола кард

© Sputnik / Табылды КадырбековНасилие в семье, архивное фото
Насилие в семье, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Аз болои ин мард ба кормандони милиса ҳамсояҳо шикоят бурдаанд, зеро онҳо борҳо шоҳид буданд, ки ӯ ҳамсарашро латукӯбу дашном мекард
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар Душанбе боз як ҳолати хушунати оилавӣ сабт шуд. Кормандони Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе марди 31-солаеро боздошт намудаанд, ки дар озор додани ҳамсари худ муттаҳам дониста мешавад.
Ин ниҳод мегӯяд, аз болои марди бодоштшуда ҳамсояҳои ӯ низ борҳо шикоят кардаанд, зеро онҳо чанин бор шоҳиди саҳнае шудаанд, ки ӯ занашро мавриди азобу шиканҷа қарор медодааст.
Ҳолати ахири озордиҳии ӯ ҳафтаи равон сурат гирифтааст.
Драка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2022
Ҷанҷоли моликони "Малика" ва "Самира" дар Душанбе: гунаҳкорон ҷазо гирифтаанд
Манбаъ меазояд, номбурда дар саҳни бинои истиқоматӣ нахуст бо ҳамсараш муноқиша карда, ӯро мавриди дашному ҳақорат қарор дода, сипас аз мӯи сараш вайро кашола кардааст.
Бо ин амали худ ин мард оромии сокинони кӯчаи Борбадро халалдор карда, ки онҳо ба кормандони милиса арзи шикоят намудаанд.
Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, нисбати сокини 31-солаи пойтахт тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода ва нисбаташ бо қарори суд ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъйин шудааст.
Лентаи хабарҳо
0