Нӯшеду ҷавон бимонед: кадом нӯшокӣ пир намекунад

© Pixabay/mirkostoedterЗелёный чай
Зелёный чай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Обуна шудан
Ғизошиноси амрикоӣ нӯшокиеро ном бурд, ки инсонро ҷавон нигоҳ медорад. Он нӯшокии маъмулии тоҷикон ба шумор меравад
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Баъзе маҳсулот пиршавиро суст мекунанд. Дар бораи яке аз онҳо дар нашрияи "Eat This, Not That" гузориш шудааст.
Ба гуфти ғизошиноси амрикоӣ Кортни Д'Анҷело мегӯяд, чойи сабз беҳтарин воситаи пешгирикунандаи пиршавӣ буд ва боқӣ хоҳад монд. Ин пизишк шарҳ дод, ки ин чой чӣ манфиате дорад.

"Чойи сабз аз антиоксидантҳо бой аст, ки манфиатҳои зиёде ба саломатӣ доранд. Бахусус онҳо низоми масуниятро тақвият медиҳанд ва синтези коллагенро бармеангезанд, ки ба ин васила пӯстро ҷавонтар мекунад".

Бо вуҷуди ин ғизошинос қайд кард, ки ҳангоми истифодаи ҳатто маҳсулоти муфидтарин, шумо бояд меъёри истеъмоли онро донед.
Зеленый чай, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2021
Нӯшидани ҳаррӯзаи чойи сабз чӣ фоида дорад?
Вай тавсия медиҳад, ки чойи сабзро сӯистифода накунед, зеро он дорои кофеин аст, ки истифодаи аз ҳад зиёди он ба системаи асаб таъсири манфӣ мерасонад.
Панҷ роҳе, ки кори мағзи сарро беҳтар мекунад
Чойи сабз ба биниш ва саломатии устухонҳо таъсири мусбӣ дошта, инчунин аз бемориҳои системаи дилу раг ва диабети навъи 2 пешгирӣ мекунад.
Хатари чой барои устухонҳо
Лентаи хабарҳо
0