Ҳаракати метро қатъ шуд, шаҳрҳо бе барқ: дар Ӯзбекистон чӣ мегузарад

© Sputnik Лампочка, архивное фото
Лампочка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тошканд ва дигар шаҳрҳои Ӯзбекистон нерӯи барқ ​​қатъ шуд, кори метрои пойтахт мутаваққиф гардид
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар Тошканд бар асари қатъи барқ ​​ҳаракати метро мутаваққиф шуд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.
Ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо аз ҷониби кормандони БДА ба танзим дароварда мешавад, то тамбашавӣ сурат нагирад.
Илова бар ин якбора дар чанд шаҳри Ӯзбекистон қатъи якбораи нерӯи барқ ​​рух дод.

"Дар Тошканд (дар тамоми вилоят), Гулистон, Қаршӣ, Бухоро, Самарқанд, Қӯқанд, Чирчик интиқоли нерӯи барқ ​​қатъ шудааст", - гуфт манбаъ.

Вазорати энергетикаи кишвар гуфтааст, ҳоло мутахассисон барои рафъи ин мушкил талош доранд. Аммо дар баробари ин дар бораи сабабҳои дақиқи ин ҳолат чизе гуфта нашудааст.
Бино ба гузоришҳо, бисёре аз сокинон аз қатъи оби гарм шикоят доранд. Ҳамин тавр дар Чирчик интиқоли об низ ба муддати номуайян қатъ шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар бораи қатъи нерӯи барқ ​​дар дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар Алмаато, Бишкек ва дигар манотиқи мухталифи Қирғизистону Қазоқистон гузориш шудааст.
Лентаи хабарҳо
0