Оғози даври ниҳоӣ: 5 довталаби унвони "Омӯзгори сол" кистанд?

© Unsplash/Taylor WilcoxКласс детей и учитель
Класс детей и учитель - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Обуна шудан
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ҳадафи озмунро пайдо намудани омӯзгорони боистеъдод ва муаррифии таҷрибаашон миёни ҳамкорони дигар мебошад
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз оғози даври ниҳоии "Омӯзгори сол - 2021" хабар дода, афзуд, ки ҷоизадорон 27-уми январ эълон ва қадрдонӣ мешаванд.
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм, зимни суханронӣ дар оғози даври ҷумҳуриявии "Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2021" гуфт, мақсад аз гузаронидани озмун дарёфт намудани омӯзгорони боистеъдод ва муаррифии таҷрибаи пешқадами педагогии онҳо дар миёни кормандони соҳа мебошад.
Лежащие на книжной полке открытые книги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Касе "шоҳҷоиза" нагирифт: эълони ғолибони "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"
Баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, тарғиби навҷӯию эҷодкорӣ, ҳамчунин, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, аз ҳадафҳои дигари ин озмунанд, таъкид намуд вазири маориф.
Ба иттилои Вазорат, барои унвони "Омӯзгори сол" 5 нафар талош хоҳанд кард:
Хушбахт Азизбеков, омӯзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Хоруғ.
Шавкат Тағоев – омӯзгори фанни физикаи литсейи тамоили техникии ба номи "Афлотун" -и ноҳияи Данғара.
Наима Зоидова – омӯзгори фанни физикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Б. Ғафуров.
Моҳира Мусоева – омӯзгори фанни географияи литсейи №3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе.
Сунбула Юсупова – омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Роғун.
Гулчеҳра Ғанизода, муовини вазири маориф ва илм дар оғози даври ҷумҳуриявии озмун барои иштирокдорон тавзеҳ дод, ки онҳо аз рӯи 7 шарт баҳогузорӣ хоҳанд шуд.
Дар феҳрасти шартҳо Ғанизода муаррифии таҷрибаи корӣ, баргузор намудани маҷлиси падару модарон, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, доир намудани соати тарбиявӣ, кор бо компютер, ҷавоб додан ба саволҳои пешниҳодшударо ном бурд. Маросими ҷамъбастии озмун ва қадрдонии ҷоизадорон 27-уми январ дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0