Осиёи Марказӣ дар торикӣ: даҳҳо шаҳр бе барқ монд

© Pixabay / Bru-nOЛампы, архивное фото
Лампы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Миллионҳо сокини Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон бо қатъи нерӯи барқ ​​рӯ ба рӯ шуданд: инфрасохтори дигар низ аз кор монд
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Се кишвари Осиёи Марказӣ дар як лаҳза бе барқ ​​монданд. Дар Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон нерӯи барқ ​​қатъ шуд.
Қатъ шудани нерӯи барқ ​​ба садама дар системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ рабт дорад.
Вазорати энергетикаи Қирғизистон хабар дод, ки интиқоли барқ ​​дар давоми 30 дақиқа барқарор мешавад.

"Барқ ​​дар саросари Осиёи Марказӣ хомӯш шуд. Қирғизистон ҳалқаи энергетикиро тарк карда, дар давоми 30 дақиқа интиқоли барқро барқарор мекунад", - гуфт дафтари матбуотии ин вазорат.

Шабакаи миллии барқи Қирғизистон тавзеҳ дод, ки дар тамоми системаи энергетикии Осиёи Марказӣ аз ҳисоби кори автоматикунонӣ як нуқсони системавӣ ба амал омадааст.
Зимнан система ба ҳолати муқаррарӣ баргардонда мешавад.
Дар ҳамин ҳол дар Узбакистон, дар тамоми навоҳии Тошканд ва ҳамчунин дар шаҳрҳои Гулистон, Қаршӣ, Самарқанд, Бухоро, Қӯқанд ва Чирчик, вилоятҳои Фарғона, Ҷиззах, Қашқардарё, Навоӣ, Сирдарё қатъи пурраи барқ сурат гирифтааст.
Лампочка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Ҳаракати метро қатъ шуд, шаҳрҳо бе барқ: дар Ӯзбекистон чӣ мегузарад
Дар пойтахти ин кишвар ҳарактаи метро низ боздошта шуда, фурудгоҳҳои шаҳр низ кор намекунанд.
Дар Тошканд мақомот аз сокинон даъват мекунанд, ки ба далели кор накардани чароғаки роҳнамо бе зарурат аз мошинҳои шахсӣ истифода накунанд.
Илова бар ин ҳазорон сокин аз қатъи оби гарм хабар медиҳанд. Дар Чирчик обрасонӣ ба муддати номуайян қатъ карда шуд.
Фурудгоҳи Тошканд бинобар қатъи нерӯи барқ парвозҳоро қабул карда наметавонад, аммо фурудгоҳи Бишкек бошад, ба барқи дохилӣ пайваст шуд, бо вуҷуди ин пурра фаъолият намекунад.
Лентаи хабарҳо
0