Парвандаи соҳибкоре, ки мурғҳои пӯхтааш 50 касро дар Хуҷанд заҳролуд кард, ба додгоҳ рафт

© Pixabay/kdaubonКурица-гриль
Курица-гриль   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар сурати тасдиқи иттиҳомот ба соҳибкорон ҷаримаи ҳангуфт ва ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Прокуратураи шаҳри Хуҷанд, парвандаи мурғфурӯшон (грил) - ро, ки чунин амали соҳибкорон муҷиби заҳролудшавии чандин нафар гардид бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол намудааст
Тавре аз мақомоти прокуратураи шаҳри Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, парванда рӯзи 24 январ ба додгоҳ супурда шуд.
Дар ин парванда ду соҳибкор Муҳсинҷон Тоҷибоев ва бародараш, сокинони шаҳри Хуҷанд ба пӯхтупаз ва фурӯши гӯшти мурғи пастсифат гунаҳгор дониста мешаванд.
“Дар вақти тафтиши парванда маълум гардид, ки зиёда аз 50 нафар аз истеъмоли гӯшти пастсифат ва ғайрисанитарии ин соҳибкорон заҳролуд шудаанд. Ҳар яки ин сокинон аз ташхис гузаронида шуда ва нафарони гунаҳгор муайян карда шуд”, - гуфт, манбаъ аз прокуратураи Хуҷанд.
Бино ба иттилоъи манбаъ, парвандаи ҷиноӣ алайҳи Тоҷибоевҳо бар асоси моддаи 207 қисми 1 (вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ва ё заҳролудшавии одамон гардидааст) тафтиш ва бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суди Хуҷанд фиристода шудааст.
Ин моддаи қонун барои афроди ҷинояткор аз 30 то 60 ҳазор сомонӣ ҷарима, ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлатро пешбинӣ мекунад.
Муфаттишони прокуратура дар доираи тафтиши ин парвандаи ҷиноятӣ, инчунин камбудиҳои мақомотҳои назоратиро ошкор намуда, аз ҷумла нисбати се корманди идораи андоз ва якчанд корманди идораи санитарию эпидемиологии Хуҷанд парвандаҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта тартиб додаанд.
Куры гриль   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Заҳролудшавии 35 нафар дар Суғд баъди истеъмоли гӯшт: Воҳидов вазъи беморонро шарҳ дод
Ҳодисаи заҳролудшавии беш аз 50 сокини Суғд моҳи декабр расонаӣ гардид.
Маълум шуд, ки ин гурӯҳи сокинон дар пайи истеъмоли гӯшти пухтаи мурғ (грил), ки онро Тоҷибоевҳо оилавӣ дар сӯроғаи шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, бинои 77 дар наздикии “афғонбозор” омода мекарданд, ба ин ҳол гирифтор шудаанд.
Дар шарҳи ин ҳолат, котиби матбуоти ҳукумати Хуҷанд гуфт, ки “Тоҷибоев дар вақти пухтупази гӯшти мурғ талаботҳои санитарию эпидемиологиро дағалона вайрон намудааст”.
Дар натиҷаи чунин амали соҳибкор зиёда аз 50 нафар асосан сокинони шаҳру навоҳии атрофи Хуҷанд заҳролуд ва дар беморхонаи касалиҳои сироятии (инфекционий) №4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0