Русия квотаҳои таҳсил барои донишҷӯёни тоҷикро афзоиш дод

© Sputnik / Амир ИсаевМолодежный медиафорум в честь Дня студента прошел в филиале МГУ в Душанбе
Молодежный медиафорум в честь Дня студента прошел в филиале МГУ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Русия миқдори квотаҳоро, ки ҳуқуқи таҳсили ройгон ба донишҷӯёни Тоҷикистонро дар бисёре аз донишгоҳҳои Русия медиҳанд, ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додааст
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Шумораи ҷойҳо барои таҳсили тоҷикистониён дар донишгоҳҳои Русия аз ҳисоби буҷаи федералӣ 120 адад афзоиш ёфт, гуфт сардори намояндагии "Россотрудничество" дар кишвар Иван Иванов.
Ҳамин тариқ довталабони Тоҷикистон тайи солҳои 2022-2023 барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия 750 квота доранд ва ҷумҳурӣ аз рӯи миқдори бурсияҳои таҳсилӣ дар донишгоҳҳои Русия маъмулан дар панҷгонаи аввал байни кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст.
Имтиҳони дохилшавӣ дар доираи квота, аз ҷумла дар Душанбе суҳбати аввалин бо довталабон барои дохилшавӣ оғоз ёфт. Ин марҳила дар ҳоли ҳозир барои довталабоне, ки ба магистратура, ординатура, аспирантура ва бакалавр аз рӯи ихтисосҳои марбути фарҳанг дохил шуданиянд, оғоз гардид.
Возобновление очного обучения в вузах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Шумори донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия ройгон таҳсил мекунанд, дақиқ шуд
Гуфта мешавад, суҳбатҳо аз 24 то 26 январ дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Мусоҳибаҳои шахсӣ бо 1,1 ҳазор довталаб аз тамоми кишвар гузаронида мешаванд. Бахусус барои ин 35 омӯзгор аз 25 донишгоҳи Русия ба пойтахти Тоҷикистон омадаанд.
Ба гуфтаи Иванов, имсол шумораи бештари довталабон барои таҳсил аз ҳисоби буҷаи Русия дар кластери тиббӣ мебошанд. Озмун барои ординатура - 28 нафар дар як ҷой рост меояд.

"Боиси хушнудист, ки ҷавонон ва духтарон на танҳо шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Қазонро ба сифати макони таҳсил интихоб мекунанд. Мо барои таҳсил аз Калининград то Якутск ва Шарқи Дур низ довталаб дорем",- гуфт сардори идораи "Россотрудничество".

Қобили зикр аст, ки дар ин зимн беш аз 6,1 ҳазор номзад сабти ном шудааст, ки аз ин шумора беш аз 4,5 ҳазор нафар ба имтиҳони тахассусӣ роҳ ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки маъракаи омӯзиши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия тибқи фармоне, ки соли 2013 дар Федератсияи Русия содир шуда буд, сурат мегирад. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 23 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0