Сафорат гуфт, қатли бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия то охир пайгирӣ мекунад

© Sputnik / Стас ЭтвешПосольство Республики Таджикистан в Москве
Посольство Республики Таджикистан в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Намояндагии дипломатии Тоҷикистон мегӯяд, қазияи куштори бераҳмонаи шаҳрванди кишвар дар Русияро пайгирӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як иттилоия гуфт, таҳқиқи холисонаи қатли шаҳрванди кишварро дар фурудгоҳи Пулковои Русия то ба охир пайгирӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, муҳоҷири кушташудаи тоҷик Давлатов Эмомалӣ Маҳмадзарифовичи 26-сола будааст.

"Сафорат ҷиҳати мушаххас кардани ҷузъиёти ҳодисаи мазкур ба мақомоти дахлдори кишвари иқомат ёддошти расмӣ ирсол намуд",- афзуд манбаъ.

Ҳодисаи нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистон рухдода мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дошта, ҷиҳати гузаронидани тафтишоти одилона аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Роусия то ниҳояти ҳалли он дар доираи қонунгузорӣ саъю талош анҷом дода мешавад, таъкид кардааст сафорат.
Ёдовар мешавем, субҳи 24 январ дар расонаҳо хабари қатли бераҳмонаи муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург нашр шуд.
Гуфта мешавад, ҷасади тоҷикистонӣ дар ҳоле пайдо шуд, ки ҳалқаш бурдида шуда, ҳамзамон чанд зарби корд низ дар ҷасадаш ҳувайдо буд. Феълан маълум нест, ин муҳоҷир дар чӣ ҳолат кушта шудааст, вале ҷасади беҷонаш дар баромадгоҳи пандуси фурудгоҳи мазкур дар дохили мошин қарор дошт.
Аэропорт Пулково в Санкт-Петербурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Дар фурудгоҳи Пулково ҷасади муҳоҷири 26-солаи тоҷик ёфт шуд: гулӯяшро буриданд
Тибқи фарзияи пешакӣ, марҳум мусофиронро ба фурудгоҳ овардааст.
Тибқи иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, муҳоҷири кушташуда охири моҳи декабри соли 2021 бо мақсади кор ба Федератсияи Русия омада, патент гирифтааст, аммо дар қайди мақомоти муҳоҷират набудааст.
Дар ҳамин ҳол мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аллакай видеоҳои дурбинҳоро тафтиш кардаанд. Онҳо сабт кардаанд, ки пеш аз марг дар мошин се мусофир қарор доштааст.
Эҳтимол меравад, дар мошин миёни мардон муноқиша рух дода, ки баъдан ба куштор мунҷар шудааст.
Гуфта мешавад, ҳоло дар робита ба ҳодисаи куштор, бар асоси қисми 1, моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии ин кишвар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0