Қасди Тоҷикистону Беларус барои ташкили корхонаи муштараки лифтбарорӣ

Человек в лифте  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Гурӯҳи корӣ масъалаи ташкили корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус барои тавлиди лифтро баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Ташкили корхонаи муштарак аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд бо намояндагони ширкати беларусии "Могилевлифтмаш" буд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд, Александр Сорокин, сардори бюрои фуруши ширкати беларусии "Могилевлифтмаш" дар суҳбат бо Шарифзода таъкид дошт, ки ҳадафи сафарашон роҳандозии ҳамкорӣ мебошад.
Шарифзода аз бародаршаҳрии Хуҷанд ва Могилёв зикр намуда, афзуд, ки ҳамкориҳо ба сатҳи нав баромадаанд.
Глава Согда Раджаббой Ахмадзода и глава Минской области Александр Турчин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2021
Минск мехоҳад дар вилояти Суғд корхонаҳои нави саноатӣ бунёд намояд
Раиси Хуҷанд омодагии шаҳрдориро барои ба роҳ мондани корхонаи муштараки васлу насб ва истеҳсоли лифт баён дошт. Ба гуфтаи Шарифзода, ин иқдом имкон медиҳад, ки сокинони хонаҳои баландошёна ва идораву корхонаҳо бо лифт таъмин шаванду тавонанд барои қонеъ намудани талаботи навоҳии дигар саъй намоянд.
Сорокин, масъули "Могилевлифтмаш" изҳор доштаст, ки ширкат омодааст, ҳар гуна шакли ҳамкориро қабул намояд.
Созиш шудааст, ки ҷонибҳо дар зудтарин фурсат бо ҷалби гурӯҳҳои корӣ барои таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли лифтҳо фаъолиятро оғоз намоянд.
Зикр шудааст, ки "Могилевлифтмаш" зиёда аз 180 модели лифтҳоро истеҳсол менамояд, ки иқтидори борбардорияшон аз 100 то 6 ҳазору 300 кило мебошад.
Лентаи хабарҳо
0