Тормеғ ва 37 дараҷа хунукӣ: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Vladimir Astapkovich / Гузаштан ба хазинаи аксЖенщина на одной из улиц Москвы
Женщина на одной из улиц Москвы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳавосанҷон мегӯянд, дар баъзе ноҳияҳои мамлакат тормеғ мефарояд, вале боридани борон дар назар нест
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Ҳавои Тоҷикистон тағйирёбанда ва бебориш хоҳад шуд. Оҷонсии обуҳавошиносӣ мегӯяд, дар ВМКБ ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13-18 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 25-30 ва дар аксар минтақаҳо 32-37 ва рӯзона 18-22 дараҷа хунукӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол дар ноҳияҳои алоҳида бо суръати 12-17 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона 4-1 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа гармшавии ҳаво дар назар аст.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2022
Ҷамила Байдуллоева: Моҳи феврали бориши зиёди борону барф дар назар аст
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, тормеғи тунук мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0