Уфти шадиди қурби рубл дар Тоҷикистон: дар як рӯз то чор сомонӣ поин рафт

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Арзиши рубли русӣ дар як рӯз дар баробари асъори тоҷикӣ наздик чаҳор сомонӣ коҳиш ёфт ва ин аввалин поинравии якбораи рубл дар соли ҷорист
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар шадидан коҳиш ёфта ва ҳоло 1000 рубл 143,6 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 147,3 сомонӣ арзиш дошт.
Қурби рубл охирин маротиба ба ҳадди ниҳоияш тирамоҳи соли 2021 расида буд, ки он замон 1000 рубл 159 сомонӣ арзиш дошт.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, пас аз болоравӣ дар оғози сол ахиран поин рафта, боз дар ҳалати шинокунанда қарор гирифт.
Ҳоло дар бозори арзи кишвар бар ивази як евро 12.7747 сомонӣ медиҳанд, ки дар баробари рӯзи қаблӣ боз коҳиш ёфтааст.
Охирин нишондиҳандаи баланди пули аврупоӣ рӯзи 14-уми январ сурат гирифт, ки 1 евро то 12.9577 сомонӣ боло рафта буд.
Денежные купюры. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Пешбинии иқтисоддон дар бораи ояндаи доллар: бояд харид ё на?
Дар ин миён арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.3000 сомонӣ аст.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.7747 то 13.0000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1436 то 0.1455 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0